Падарам каҳрамон буданд ва ҳастанд

Падарам каҳрамон буданд ва ҳастанд

Соли 2005 буд, синфи 2-ум мехондам. Дар он вақт падарам «Моторолчӣ» буданд. Яъне бори мардумро мекашонданд. Он замон шароити хуб ҳам надоштем,чун падарам дар дашти санглох нав замин гирифта буданду нав хона месохтанд. Аммо ман мактаби шаҳр мехондам, ҳарчанде шароит вазнин буд. Рӯзе соати 8-00и субҳ аз деҳа ба шаҳр бармегаштам, аммо он рӯз тамоми деҳаро тумани сахт гирифта буду хатсайр аз шаҳр ба деҳа намеомад. Падар маҷбур шудан дар кӯчаи хунук истода, мошини роҳгузаре пайдо кунанду маро ба он савор карда монанд, то ба дарс дер накунам. Баъди якчанд соати интизорӣ мошин пайдо шуд ва розӣ шуд маро то соати 12 ба шаҳр мерасонад. Падарам маро ба мошин савор карданду аз ҷайбашон тамоми пулҳояшонро бароварданд, он ҷо танҳо тангҳо буданд, ҷамъулҷамъ 70 дирҳам баромад. Гуфтанд : » Ҳоло ҳамин аст. Инро гирифта сарф карда ист, ман баъд аз 2-3 рӯз ба шаҳр мефароям, баъд пул медиҳам. Агар пул даркор шавад, аз бобоят гир ман ҳатман медиҳам, баъд бармегардонӣ.» Сарамро сила карда, маро ба шаҳр равон карданд. Ашки чашмонам дар мошин мерехт… Намедонам, чаро? Аммо, беист ва беовоз гиря мекардам…

Шукри Худо мактабро ҳам хатм кардам. Ба донишгоҳ бо дониши худам дохил шудам. Аммо хабари дохилшавӣ дер ба мо расид. Модарам падарамро ҷанг мекарданд, ки 17 сентябр асту ҳамаи бачаҳо ба хондан рафтанд ва ҳоло шумо парвое надоред, бачаатон дар наздатон истодааст. «Ҳамаи ҳамсинфонаш дар донишгоҳҳо таҳсил дорад, ӯ чӣ мешавад? Як бало кунед!»-гуфта, Модар парешон мешуданд. Он замон ману падарам дар сари замин ба кору бори замин машғул будем. Шояд падар ботинан ғам мехӯрданд, аммо зоҳиран нишон намедоданд. Телефонро гирифта ба кадом дӯсташон занг задан, баъди хомӯши гӯшаки телефон ба ман гуфтанд : «Тайёр шав, ба Дубай хондан меравӣ?»
Ман розӣ нашудам, чунки таҳсил пулакӣ буду боз барои зиндагӣ пули калон даркор буд. Гуфтам, ки ба Русия меравам, кор мекунам, баъд дохил мешавам. Падарам гуфтанд :» Хонаро мефурӯшам ва туро мехононам. Ман як писар дорам».

Баъди андаке аз шаҳри Қазон дӯстам — Муҳаммадамин занг зада гуфтанд, ки ман ба донишгоҳи Маскав дохил шудаам, ҳуҷҷатҳоямро омода карда,тезтар парвоз кунам…

Падарам каҳрамон буданд ва ҳастанд. Барои ташаккул ва хушбахт будани ман ба тамоми чиз омода буданду ҳастанд …

Автор: Ҳабибаллоҳ Исмоилов

Мо дар Telegram