Озмуни зебоии «Маликаи Ҳисор» — тарғибгари зебоипарастӣ

Дар шаҳри Ҳисор дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз  озмуни зебоии «Маликаи Ҳисор» баргузор гардид, ки дар он 10 нафар иштирокчиёни даври якум, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ғолиб гардида буданд, иштирок намуданд. Довталабони озмун аз рӯи 8 номина —  «Маликаи Ҳисор», «Маликаи Наврӯз», «Баҳори гулбасар, «Бонуи ҳунар, «Бонуи ҷавонӣ», «Бонуи булбулсухан», «Бонуи ҳусн» ва «Зебосанам» сабқат намуда, аз ҷониби ҳакамон бо меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ шуданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо тоҷу лентаҳои рамзӣ, ифтихорномаю диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Озмун бо ибтикори мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гузаронида шуда, ҳадафаш тарғиби зебоипарастӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ташаккули санъати суханварӣ мебошад.

 

АМИТ «Ховар»

Мо дар Telegram