Озмуни “Мисс вселенная”-и тоҷикӣ

Дар Тоҷикистон барои тарғибу ташвиқ намудани суннатҳои мардумӣ ва таърихии тоҷикӣ, ҳарсол  фестивали “Чакомаи гесӯ” гузаронида мешавад. Ин озмун дар даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо миёни довталабон гузаронида шуда, баъдан ғолибонро ба даври дуюм даъват менамоянд.

Шартҳои озмун аз пушидани либосҳои миллӣ, истифодаи ороишотҳои миллӣ, кокулбофӣ, мӯйдарозкунӣ, нигоҳубини рӯй, ҳаракатҳо, тарзи муошират, ҳунари кадбонугӣ,  ва ғ. иборат ҳаст.
Инчунин тарроҳону ҳунармандони ҷавон дар ин озмун аз фурсати муносиб истифода бурда, маҳсули дасти худро ба ҳамагон муаррифи мекунанд.

Мутахассисон мегӯянд, ки мақсади гузаронидани ин фестивал зинда намудани одатҳои хоси фарҳангу миллати тоҷик мебошад. 
Даври дуюми ин чорабинӣ дар ноҳияҳои Шаҳринаву Нуробод, Муъминободи вилояти Хатлон ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  баргузор гардид. 

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин озмунро зери роҳнамои менамояд.

Озмуни “Мисс вселенная”-и тоҷикӣ

Беҳтарин донишҷӯёни тоҷик дар Маскав мукофотонида шуданд

Мо дар Telegram