Озмуни ҷумҳуриявии «Сарояндаи беҳтарин» ва «Рассоми беҳтарин»

12.04.21.19 апрели соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов» бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳти унвони «Сарояндаи беҳтарин» ва «Рассоми беҳтарин» баргузор гардид.

Дар озмун Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи К. Қурбонови шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ва Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар Баҳриддин ва сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Ҳокимхон Сафолиён зимни ифтитоҳи озмун иброз доштанд: “Мақсади гузаронидани чунин озмунҳо, тарғибу ташвиқ ва инкишоф додани шавқу ҳаваси ҷавонон ба санъати тасвирӣ ва овозхони беҳтарин инчунин дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва омода шудани онҳо ба озмуну фестивалҳои байналмиллалӣ мебошад.”

Дар ҷамъбаст аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибон ва иштирокчиён бо сипосномаҳо, диплому медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Донишҷӯёни «Коллеҷи Ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов» дар озмуни «Рассоми беҳтарин» дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ соҳиби панҷ ҷои якум ва ду ҷои дуюм гардида, коллеҷи мазкур миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷои аввалро ишғол намуд. Инчунин Муассисаи давлатии «Коллеҷи Ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов» барои саҳм гирифтан дар ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳти унвони «Сарояндаи беҳтарин» ва «Рассоми беҳтарин” бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 бо «СИПОСНОМАИ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

12.04.21 112.04.21 612.04.21 212.04.21 312.04.21 412.04.21 5

Мо дар Telegram