Омори Тоҷикистону Русия оиди муҳоҷират тафовут доранд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни нишасти матбуотии худ аз вохӯрии худ бо Валентина Казакова сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба муҳоҷират ба рӯзноманигорон нақл кард.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, оморе, ки аз ҷониби Тоҷикистону Русия оиди муҳоҷирон пешниҳод менамуданд ба ҳамдигар мутобиқат намекарданд. Якеҳо шумораи онҳоро барзиёд мегуфтанд, дигаре рақамҳои расмиро инкор мекарданд.

«Рақамҳо тафовут доранд, шуморае, ки ҷониби Русия исрор дорад — 1 миллион ё 800 ҳазор, аз Тоҷикистон — 400 ҳазор», — шарҳ дод Амонзода.

Баҳси ҳамоҳангсозии омори муҳоҷирон мавзӯи асосии суҳбати вазири Тоҷикистон бо сардори сарраёсати ВКД Россия Валентина Казакова будааст.

Инчунин имрӯз маълум гардид, ки Русия барои ҷалби 20 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ дархост намудааст.

Омори Тоҷикистону Русия оиди муҳоҷират тафовут доранд

20 ҳазор муҳоҷирони тоҷик ба Русия даъват шуданд

Мо дар Telegram