Омодагиҳои Наврӯзӣ дар Душанбе

Бо фарорасии мавсими баҳор Тоҷикистон барои таҷлили  иди Наврӯз омодаги мебинад ва имсол, ба ҳамаи маҳдудиятҳои коронавирус нигоҳ накарда, ороишҳои наврузи дар шаҳру ноҳияҳо гузошта мешаванд. 

Дар маркази Душанбе имрузҳо сохти табақи суманак насб шуда истодааст, ки 30 метр баландӣ ва 16 метр паҳми дорад. Инчунин дар гирду атрофи суманак дарахтҳои баҳор ва гулҳои баҳорӣ низ насб хоҳанд шуд.

Тавре кормандони Ҳукумати шаҳр хабар доданд, ин ороишот аз ҳисоби 2 соҳибкорони маҳаллӣ  пушонида мешавад ва аз буҷа маблағ ҷудо намешавад.

Тибқи қарори ҳукумат имсол чорабиниҳои бошукуҳ дар кишвар бахшида ба таҷлили иди Наврӯз ба таъхир гузошта мешаванд, то муътадил гардидани вазъи эпидемиологии дунё. Аммо, дар боғҳои шаҳр чорабиниҳои фарҳангии хурд бо консертҳо барои сокинони шаҳр гузаронида мешаванд.

Омодагиҳои Наврӯзӣ дар Душанбе

Иҷозати Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлили он дар Москва

Мо дар Telegram