Омодагӣ барои ғози сохтмони мактаби русӣ дар Турсунзода

Сохтмони мактабҳои русӣ, ки якеашон дар шаҳри Турсунзода ба нақша гирифта шудаанд, моҳи апрел оғоз мекунанд. Барои дидан намудан аз майдони ҷудо шуда, гурӯҳи корӣ аз рафти омодагӣ ба сохтмон ошно шуданд, чунин хабар дод мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар»
Ба гуфтаи Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ҷиҳати оғози корҳои сохтмонии мактаб майдон омода гардида, ҳуҷҷатгузориҳо, бунёди роҳу пулҳо муташаккилона идома доранд. Тибқи нақша сохтмони мактаби мазкур моҳи апрели соли равон оғоз гардида, он дар муддати 18 моҳ сохта ба истифода дода мешавад. 
Мактабҳои мазкур тибқи созишномаи дуҷониба дар шаҳрҳои Душанбе, Кулоб, Бохтар Хуҷанд ва Турсунзода аз ҳисоби Федератсияи Россия сохта мешавад ва барои сохтмон тақрибан 30 миллион доллар ҷудо шудааст.
Бояд қайд кунем, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон Бо Россия дар самти илму маориф хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва барои тоҷикистониён квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Россия аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо, кумакҳо барои таъмин бо маводҳои таълимӣ ва бо таъмини муаллимҳои фаннӣ ба хусус муаллими забони русӣ барои хонандагони мактабҳои кишвар мусоидат менамояд.
Мо дар Telegram