Олимпиадаи Академияи миллии илмҳо оғоз шуд

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз расман олимпиадаи соҳавиро миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” оғоз намуд.

Донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат дар Олимпиада аз рӯи бахшҳои математика ва технологияҳои иттилоотӣ, физика, астрономия, химия, геология ва биология дониши месанҷанд.

Шумораи иштирокчиён имсол аз тамоми Тоҷикистон ба 194 нафар расидааст ва ғолибон 13 март бо тантана эълон хоҳанд шуд.

Дар маросими кушодашавӣ Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод бо Абдуҷаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо суханҳои ифтитоҳи иштирок намуданд.

Олимпиадаи Академияи миллии илмҳо оғоз шуд

Донишҷӯёни Донишгоҳи Славянӣ «Масленитса»-ро ҷашн гирифтанд

Мо дар Telegram