НУРБАХШИ ЗИНДАГОНӢ МОДАР АСТ

НУРБАХШИ ЗИНДАГОНӢ МОДАР АСТЗиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан — Модар маъно мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, тарбиятгари насли наврас ва наҷотбахши ҳамешагии мост. Ин ҳама бузургии беназири Модар аст, ки маҳз дар айёми дӯстиву муҳаббат, фасли нозанини баҳор ва лаҳзаи гуворои он “Рӯзи модар” таҷлил мешавад. Чун анъана ҳамасола бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи Модар” аёдати занони собиқадор, маъюбон, модарони танҳо, эҳтиёҷмандон сурат мегирад.

Бо ин нияти нек маъмурияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб “ дар якҷоягӣ бо намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Кӯлоб ба аёдати модари корманди ҳамин Муассиса Самадова Назрбӣ — собиқ омӯзгори Мактаб-интернати ёрирасонӣ №1- шаҳри Кӯлоб рафтанд. Ин модари мушфиқу меҳрубон 40 соли умри бобаракати хешро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст ва новобаста аз он, ки имрӯз дар бистари беморӣ аст, шукргузорӣ аз он дорад, ки дар чунин фазои тинҷу осоишта, сулҳу суббот зиндагӣ намуда истодааст. Бо боварӣ ба ояндаи неки дурахшони Тоҷикистони азиз ҳамчун як зан-модар “ Рӯзи модар”-ро ба кулли занону модарони тоҷик муборакбод намуда, даст ба дуо бардошта аст.

Мо китобдорон ба ин модари азиз пеш аз ҳама тани сиҳат, хотири ҷамъ ва дар симои онҳо ба тамоми бонувони тоҷик гуфтанием:

Рузи Модар ва иди зебои баҳори хуҷаста муборак бошад, модарони азизу меҳрубон!.

Обидзода Саймухаммад Рустам
директори Муассисаи давлатии
«Китобхонаи оммавии вилояти
Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ
дар шаҳри Кӯлоб»

Мо дар Telegram