Новобаста аз пандемия дар соли 2020 воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории се озмун беш аз 7,7 млн сомонӣ ҷудо кард

Дафтари матбуотии сарвари давлат хабар медиҳад, ки бо амри президент ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” гузаронида мешаванд.

Ба сохторҳои марбута дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмунҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки барои баргузории озмуни“Тоҷикистон-Ватани азизи ман” 2 млн 540 ҳазор сомонӣ, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – 2 млн 835 ҳазор сомонӣ ва “Илм-фурӯғи маърифат” 2 млн 345 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.

Барои тавонбахшии неругоҳи Норак Бонки ҷаҳонӣ боз 35,6 млн доллар ҷудо мекунад

Барои барқарорсозиву тавонбахшии неругоҳи барқи обии Норак Бонки ҷаҳонӣ боз 36,5 млн доллар маблағи иловагӣ ҷудо мекунад. Созишномаи дахлдор дар ин бора байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатияи байнулмилалии рушд (АБР, узви Гурӯҳи Бонки миллӣ) охири соли гузашта ба имзо расид.

Чанд рӯз пеш санади мазкур барои тасдиқ ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.

Ин маблағҳо ба амалисозии марҳилаи дуюми тавонбахшии неругоҳ равона мегарданд.

Татбиқи марҳилаи I лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Норак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ($225,7 млн), Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ($60 млн) ва Бонки аврусоёии рушд ($40 млн) моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд.

Марҳилаи дуюми он таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳро дар бар мегирад.

Арзиши умумии марҳилаи 2-юми татбиқи лоиҳа 192 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон воридоти мошин афзоиш ёфтааст

Соли 2020 ба ҷумҳурӣ 23 ҳазору 19 мошин ба маблағи 115,9 миллион доллар ворид карда шуд”, – иттилоъ додаст Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Бар асоси ин омор нархи миёнаи ҳар мошини воридшуда 5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. 

Зимнан, дар соли 2019 теъдоди мошинҳои воридшуда 21 356 ададро ташкил дод, ки маблағи он 147,1 миллион доллар арзёбӣ гардид. Нархи миёнаи ҳар сабукрави воридшуда дар соли 2019 муодили 6,8 ҳазор доллар буд.

Бисёре аз мошинҳои ба кишвар воридшаванда истифодашуда ва шомили гуруҳи мошинҳои арзон мебошанд.

Таъминкунандагони асосии мошинҳо дар Тоҷикистон кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Маъмултарин навъи сабукравҳо миёни тоҷикистониён тамғаҳои Opel, Hyundai, Toyota ва Mercedes мебошанд.

Ҳабси 57 ва кофтукоби 100 фарзандгурез дар Суғд

Хуршед Иброҳимзода, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Суғд, гуфт бинобар сари вақт пардохт накардани маблағи алимент ва иҷро накардани ӯҳдадории қарзии худ дар назди фарзандон 57 алиментсупоранда аз озодӣ маҳрум шуданд.

Иброҳимзода гуфт, 184 нафари дигар ба корҳои ислоҳӣ ва ё ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд.

“Тибқи қонун, падар ё модаре, ки дидаву дониста аз пардохти алимент ба фарзанди худ саркашӣ мекунад, нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад”,  – таъкид намуд Иброҳимзода.

Муовини сардори Раёсати иҷро дар Суғд гуфт, бо вуҷуди муқаррароти қонун баъзе алиментсупорандаҳо саривақт ба суд ҳозир нашуданд ва ҳоло нисбати 100 нафар  кофтукоби ҷиноӣ эълон шудааст.

Футболбози тоҷик дар Премйер-лигаи Русия бозӣ мекунад

Фарҳод Восиев, ҳимоятгари 30-солаи дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ба бошгоҳи «Тамбов»-и шаҳри Тамбов, ки дар Премйер-лигаи Русия бозӣ мекунад, гузашт.

«Тамбов» баъди натиҷагирии даври 19-уми Премйер-лигаи Русия бо касби 13 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар минтақаи хатар – ҷойи охирин – қарор дорад. Бошгоҳ бо мушкилоти молӣ рӯбарӯст ва ахиран бо кӯмаки молии Премйер-лигаи Русия ширкати худро дар мусобиқот идома медиҳад.

Фарҳод Восиев 14-уми апрели соли 1990 дар Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 2005-2006 дар дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст. Ӯ солҳои 2007-2009 дар ҳайати дувуми «Сатурн»-и Раменское капитан ё сарвони даста буд. Дар ҳайати асосии «Сатурн» бошад, ду бозӣ анҷом додааст.

Фарҳод Восиев, ки инчунин шаҳрвандии Русияро пазируфтааст, соли 2010 дар «Криля Советов» (Самара), соли 2011 дар «Жемчужина-Сочи» ҳунарнамоӣ кардааст. Аз моҳи августи соли 2011 узви дастаи «Шинник»-и Ярославл буд.

Баъдан дар бошгоҳҳои «Волгар»-и Астрахан, «Оренбург»-и Оренбург, «Истиклол»-и Душанбе, «Тюмен»-и Тюмен ва «Нефтехимик»-и Нижнекамск ҳунарнамоӣ кардааст.

Фарҳод Восиев дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё шудааст. Вай ширкаткунандаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) мебошад. Аз соли 2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Қарори Додгоҳи иқтисодӣ: соҳиби бозори “Панҷшанбе” баъди 20 сол иваз шуд

Муҳаммадӣ Мирзоев, иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд гуфт, дар бораи ба тавозуни “Тоҷикматлубот” гузаронидани бозори “Панҷшанбе” қарори Суди олии иқтисодӣ содир шудааст.

Ба иттилои ин масъули Хадамоти иҷро, ҳалномаи судӣ оиди ба моликияти “Тоҷикиматлубот” гузаронидани “Панҷшанбе” аз ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Фортуна” моҳи августи соли 2020 қабул гардидааст.

“Рӯзи 25 августи соли 2020 иҷроиши талаботи санади судии мазкур дар ин қисм пурра ба иҷро расонида шуда, бозори “Панҷшанбе” пурра ба ихтиёрдории Иттифоқи “Тоҷикиматлубот” баргардонида шуд”, – гуфт Мирзоев.

Бозори марказии шаҳри Хуҷанд – “Панҷшанбе” соли 1964 бунёд шуда, соли 1998 баъд аз 34 соли фаъолияташ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва хароб шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар муфлис гардид ва аз сӯи ширкати “Фортуна” хусусӣ шуда буд.

Сообщение Новобаста аз пандемия дар соли 2020 воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram