Номгуи рутбрҳои ҳарбӣ ба ҳукумат фиристода шуд

Масъалае, ки солҳои охир мавриди баҳс миёни забоншиносон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мудоҷиа қарор дошт. Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои собиқ Шуравӣ ҳануз дар бисёр соҳаҳо терминологияҳои русиро истифода мебарад.

Дар тӯли ин ду сол гурӯҳи корӣ ҳамаи рутбаҳои ҳарбиро бо забони тоҷикӣ мутобиқ намуда, намунаро барои тасдиқ ба ҳукумат фиристоданд. Оиди ин истилоҳ мудири шуъбаи истилоҳи кумитаи забон Абдураҳим Зулфониён хабар дод.

Ба гуфти яке аз аъзоёни гуруҳи корӣ Умед Ҷайҳунӣ, ҳамаи ин номҳо дар асосӣ номҳои даврони Сомониён, Сосониён ва Аршакиён тарҷума шудаанд.

Тарҷумаи рутбаҳои ҳарбӣ баъд аз тасдиқ чунин садо хоҳанд дод:
ефрейтор — радабон,
младший сержант — даставар,
сержант — дастаёр,
старший сержант — дастабон,
старшина — сардаста,
прапорщик – силахбон,  
лейтенант —  тахамдор,
капитан – тахамтан,
майор – саргурд,  
подполковник – сархангёр,
полковник – сарханг,
генерал – солор,
генерал-майор – гундсолор,
генерал-лейтенант – лашкарсолор,
генерал-полковник – сипахсолор

генерал армии – артишсолор.

Мо дар Telegram