Наврӯз — рукни муҳимтарини фарҳанги ниёкон

1632Наврӯз дар миёни аҳли башар ягона ҷашнест, ки оину суннатҳои зиндагисози он аз гузаштаҳои ниҳоят дури таърихӣ то ба имрӯз боқи монда, эътибору манзалати худро ҳифз намудааст, ки онро миллату халҳои дигар ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги ориён пазируфта бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

Барои миллати тоҷик ва умуман тоҷикистониён боиси ифтихору сарбаландӣ аст, ки бо ибтикори фарзанди ҷонсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи генералии СММ 26 феврали соли 2010 қароре қабул кард, ки ҷашни бостонии нажоди ориёӣ-Наврӯз ҳамчун нишони тамаддуни ҷаҳонӣ умумимиллӣ эълон шуд.
Бояд хотирнишон сохт, ки мо тоҷикон ва умуман мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин мероси гаронбаҳои ниёгонро аз ҳаводиси рӯзгору тӯфонҳои щадиди таърих ҳифз намудем, гиромӣ доштем ва ба он шукӯҳу ҷилои тоза бахшидем.
Чунонки ҳамагон медонем, дар заминаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва умуман бархе аз кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз доираи ҷуғрофиёии ин ҷашни тамаддунофар дар ҷаҳони имрӯз хеле васеъ арзёбӣ мешавад ва кишварҳоеро дар бар мегирад, ки аз ғарби сарзамини Чин шурӯъ шуда, то Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, сарҳади Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои арабӣ ва Африқои Шимолӣ густариш ёфтааст.
Истиқлолияти давлати, ки ягона ормони миллии мо тоҷикон мебошад дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хосатан дар шинохти анъанаҳои суннатӣ, аз ҷумла таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ шукӯҳи таҷаллои тоза додааст. Басо рамзист, ки давраи ҷаҳонишавӣ, ё дақиқтар гӯем, ҷаҳонигардонӣ, Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, чунки вай моҳияти ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастист. Бинобар ин мо, тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покиву зебоӣ, баҳору эҳё дар фазои Истиқлолу Ваҳдат бо шукргузорӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил менамоем.
Бешубҳа Наврӯз ҷашнест куҳанбунёд, гарчанде дар китоби Авесто аз ин ҷашн ном бурда намешавад, вале дар дигар китобҳои Зардуштӣ ба монанди «Бундаҳишт» оиди Наврӯз суннату маросимҳои Наврӯзӣ нақлу ривоятҳои зиёд ҷой доранд. Пас хулоса метавон бардошт, ки Наврӯз ҷашн ва маросимест кӯҳанбунёд, ки мардуми ориёнажод ҳанӯз аз даврони асотирии Пешдодиён таҷлил менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Наврӯз дар тули пайдоиш ва мавҷудияти худ дар ҳар як давру замон аз ҷиҳати шакл таҳаввулотро вобаста ба ҳаводиси таърихию сиёсӣ аз сар гузаронида бошад, ҳам, вале моҳияту суннатҳои ҳаётбахши худро тағийр надодааст. Аз ин лиҳоз набояд фаромӯш сохт, ки аҷдодони мо аз гузаштаҳои дури таърихӣ Наврӯзро ҳамчун падидаи милли-фарҳангӣ ҳифз намуда, онро то замони мо мерос гузоштаанд, ки мо дар навбати худ суннатҳои беназири онро пойдору устувор барои наслҳои оянда мерос гузорем.
Вожаи Наврӯз аз забони қадимаи паҳлавии «нук руҷ» ё «нук рӯз», дар забони муосири тоҷикӣ аз ду калима «нав ва рӯз» таркиб ёфта маънои рӯзи навро ифода мекунад. Дар забони арабӣ бошад бо номи «най рӯз» омадааст. Дар ҳар маврид моҳияти вожаи Наврӯз дорои як маъно-рӯзи нав, яъне нахустин рӯз аз моҳи аввали солшумории хуршедӣ ва оғози фасли баҳор мебошад.
А.Берунӣ чунин нигоштааст, ки «Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардиимоҳ ва з-ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст».
Умари Хаём дар «Наврӯзнома»-и худ оиди пайдоиш, номгузори ва сабаби таҷлили Наврӯз чунин овардааст: «Сабаби ном ниҳодани Наврӯз аз он будааст, ки офтоб дар сесаду шасту панҷ шабонарӯз ба рубъи аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Рӯзи нав» номид ва ҷашн оийн овард.., чун он вақтро подшоҳони Аҷам дарёфтанд аз баҳри бузургдошти офтоб онро нишона карданд ва он рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд». Ховаршиноси варзида М.Бойс роҷеъ ба мақому манзалати Наврӯз дар тамаддуни форсу-тоҷик чунин изҳори андеша намудааст: «Наврӯз ҳамчун ҷашни солиёнаи мардуми эронинажод ҳатто пас аз ғалабаи ислом низ барпо мегардид, ки нишона аз таҷлили ҷадиди ҳар сол аст».
Шояд устувору побарҷо мондани Наврӯз дар зеҳну андешаи мардумони ориёнажод аз кӯҳанзамон то даврони мо он далел бошад, ки оғози он ба ибтидои баҳор, ҷашни соли нав ва ба поён расидани сардию умри зимистон бошад. Аз ин лиҳоз аҷдодони мо Наврӯзро нигарони намуда, он рӯзро рӯзи умед, рӯзи шикасти ормонҳо номгузорӣ намудаанд.
Илова бар ин дар дар бораи ҷашни бузкрг шумурдани Наврӯз ва дар тулии таърих боқӣ мондани он дар хотираҳои ориёиҳо ривоятҳои зиёд мавҷуд аст, ки чанде аз онҳоро зикр менамоем:
1. Каюмарс ва Ҳушанг, ки аввалин шоҳони асотирии Пешдодиёнанд, дар рӯзи Наврӯз таваллуд шудаанд.
2. Фаридуншоҳ дар ин рӯзи фархунда қаламрави Ориёноро байни фарзандони худ Салм, Эраҷ ва Тӯр тақсим намудааст.
3. Зардушт дар ҳамин рӯз ба сӯи Аҳурамаздо ба пайғамбарӣ баргузида шудааст.
4. Зардушт дар ин рӯз офарида шудааст.
Дар даврони Ислом ҳам ривоятҳои зиёде дар бораи ба Наврӯз пайванд будани ҳодисаҳои муҳим мавҷуданд:
1. Ривоят аст, ки Худованд Одамро дар ин рӯз офаридааст.
2. Ҳазрати иброҳим дар ин рӯз Каъбаро аз бутҳо пок кардааст.
3. Бинобар ақидаи фирқаи имомия (шиаи дувоздаҳимомӣ) рӯзи ба мақоми хилофат расидани ҳазрати Алӣ дар рӯзи Наврӯз будааст.
4. Абурайҳони Берӯнӣ ҳадисе овардааст аз Абусамад ибни Алӣ ар-Ридо, ки онро ба бобои худ Абдуллоҳ ибни Аббос нисбат медиҳад, ба Расули худо (с) дар рӯзи Наврӯз зарфи нуқрагине, ки дар он ҳалво буд, тӯҳфа карданд. Паёмбар пурсид, ки ин чӣ аст?
-Гуфтанд, ба муносибати иди Наврӯз.
-Паёмбар гуфт, ки Наврӯз чист?
— Гуфтанд: ҷашни бузургест аз форсҳо.
-Паёмбар гуфт: Бале ин рӯзест, ки Худованд мурдагонро зинда кард.
-Гуфтанд, мурдагон киҳоянд?
— Паёмбар гуфт: Инҳо касоне буданд, ки аз тарси мурдан аз шаҳри худ берун шуданд ва инҳо ҳазорон нафар буданд. Ва Худованд ба инҳо амр кард, ки «Мурда шавед» ва баъд инҳоро зинда кард. Худованд ба осмон амр кард ва осмон ба сарашон боронро фурӯ рехт. Аз ҳамон вақт суннати дар Наврӯз ба якдигар об пошидан боқӣ монд.
Паёмбар ҳалворо истеъмол кард, баъд зарфро шикаста дар байни пайравони худ тақсим кард ва хитоб намуд: «О, агар ҳар рӯз Наврӯз мебуд!».
Яъне метавон қайд намуд, ки Наврӯз ҳамчун оини зиндагисоз буда ба ҳеҷ дину мазҳаб алоқа надошта, зидди ҳеҷ як эътиқод низ баромад намекунад.
Агар ба Наврӯз аз нигоҳи таърихию фалсафӣ назар афканем, маълум мешавад, ки он ҷузъи муҳимтарин худогоҳии миллӣ, ҷилвадиҳандаи табиати мусолиматомези тоҷикон ва умуман мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мебошад. Аммо дар солҳои 90-уми асри гузашта ва ҳоло низ баъзан мебинем, ки аз ҷониби бархе ашхоси тангназар ва умуман мутаассиб Наврӯзро ҷашни зардуштӣ дониста, бо Ислом носозгор мешуморанд. Бояд гуфт, ки Наврӯз натанҳо ихтилофе бо Ислом надорад, балки бо фарҳанги исломӣ якҷоя тафаккури миллиро ғанӣ намуда, ҳамчун синтези фарҳанги тоисломӣ ва исломӣ, ҳамчун ҷузъи муҳими рӯҳи баланди миллати мо бузург менамояд.
Аз ин лиҳоз мо гуфта метавонем, ки Наврӯз аз оғози ҳаёти мо, аз асри асотир оғоз мегардад, ки ҳамзоди фарҳанги тамаддуни форсу-тоҷик буда аз Шимоли Чин то Аврупо доман паҳн намуда бо суннатҳои беназир ва муқаддасоти худ нақши пайвандгарро дар байни миллатҳои гуногун иҷро менамояд.
Наврӯзро ҷашни табиат низ меноманд. Наврӯз вақте оғоз мегардад, ки табиат ҷомаи худро сабзпӯш менамояд, ки барои ҷашн фурсати муносиб аст. Яъне рӯзест, ки рӯзгори кӯҳан зиндагиро аз сар мегирад, замона ва он чӣ дар ӯст нав гардида ба марҳилаи тоза ворид мегардад. Дар воқеъ Наврӯз оғози бедории табиат, таваллуди гулу гиёҳ, нарму бедор гардидани замин, мавсими кишту кор, пошидани донаи умед, тоза кардани наҳру ҷӯйбор, шинонидани ниҳол, ободонии маҳалли зист, озодаву рубӯ чини хона ва дар иҷрои корҳои дигари нек таҷасум меёбад.
Наврӯзро мизони тарозуи сол меноманд, зеро он ҳангоме фаро мерасад ва замоне ҷашн гирифта мешавад, ки соатҳои шабу рӯз баробар мегарданд.
Наврӯзро рӯзи оромию осоиш, бахшидани гуноҳҳо ва ҷашну шодӣ, рӯзе, ки одамиён офарида шудаанд низ меноманд.Адиб Маҷлисӣ «Наврӯзро ҷашни поёни рӯзҳои офариниш ва пайдоиши одамиён нишон медиҳад».
Бояд зикр намуд, ки ин ҷашни суннатии фархунда аз зиёдати такрор дар тули қарнҳо ба сурати одат, ба ҷашни бузург, ба иди соли нави мардуми Шарқ мубаддал гардида эътибору нуфӯзи ҷаҳонӣ касб намудааст, ки бо фарорасии худ душвориҳои табиию иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодиро бартараф намуда навиди хушиву фараҳ ва некбахтӣ меоварад.
Рисолати устувору побарҷои Наврӯз, дар ин амал таҷассум ёфтааст.
Саволе ба миён меояд, ки Наврӯзро дар ҳар давру замон дар як мавсим ҷашн мегирифтанд ё дар вақтҳои гуногун?
Бояд зикр намуд, ки таҷлили Наврӯз аз даврони авастоӣ то даврони салтанати Сосониён дар фарвардинмоҳ, ки аввалин рӯзи он оғози соли нав буд, таҷлил карда мешуд. Сипас бо ивазшавии вақт, тибқи солшумориҳои румию, яздигурдӣ ва ҳиҷрию қамарӣ таҷлили Наврӯз ба монанди идҳои Рамазону Қурбон дар вақтҳои гуногун ҷашн гирифта мешуд. А.Берунӣ вобаста ба ин маънӣ чунин нигоштааст: «ҳарчанд подшоҳони Эрон ҳангоми Наврӯз аз раият хироҷ мехостанд, вале Наврӯз ҳангоме фаро мерасид, ки ҳосилот ба даст наомада буд».
Танҳо дар соли 392-ҳиҷрӣ-қамарӣ таҷлили Наврӯз ба аввали ҳамал бозгардонида мешавад. Баъд аз ворид намудани тағйирот дар солшумории Яздигурдӣ аз тарафи У.Хайём, ки бо номи «Тақвими ҷалолӣ» маълум аст, таҷлили Наврӯз ба 21-уми моҳи фарвардин, ки мизони тарозуи шабу рӯз ва оғози баҳор мебошад устувор гардонида шуд, ки ин сана аз 16 марти соли 1079 бо ба расмият даромадани «Тақвими ҷалолӣ» то ба имрӯз бетағйир мондааст. Агар дар ибтидои ҷашни Наврӯз ба ду бахш: Наврӯзи омма ва хосса тақсим мегардид, ки таҷлили он аз якдигар фарқ менамуд. Шоҳи Сосонӣ Ҳурмузди Шопур онро ба ҳам омезиш дода, рӯзи мобайнии онро рӯзи ҷашн эълон намуд.
Бояд гуфт, ки Наврӯз дар тули мавҷудият дар давру замонҳои гуногун вобаста ба шароитҳои таърихиву дигаргуниҳои сиёсию-иҷтимоӣ ва фарҳангии пайравонаш такмилу тағйир ёфта, маросиму суннатҳои гуногунро касб намуда бошад ҳам, моҳият ва рисолати худро дигаргун накардааст.
Ҳарчанд дар даврони Шуравӣ таҷлили Наврӯз аз тақвим ба таври расми бароварда шуда бошад ҳам вале мақому манзалат ва меҳру муҳаббати он аз дилу андешаи мардум дур нагардид ва он бо номҳои иди деҳқон, иди кишту кор ҷашн гирифта мешуд.
Хулоса, файзи истиқлол мақому манзалати Наврӯзро аз нав устувору побарҷо намуда, мақоми ҷаҳонӣ бахнид. Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Наврӯз додани мавқеи иди миллӣ ва ҷаҳор рӯз ҷашн гирифтану истироҳат эълон намудан, самараи истиқлолияти давлатӣ ва гувоҳи сиёсати пайгиронаи эҳёбахши сарвари бофарҳангу миллатдӯсти давлати тоҷикон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Самиъзода Бахтиёр Салим,
дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД ҶумҳурииТоҷикистон, подполковни кимилитсия

Мо дар Telegram