НАВРӮЗ ҶАВОНИИ ҶАҲОН АСТ

19.03.21Сухани табрикии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода З.Д. бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи хеш дар бораи ҷашни Сари сол, ки ҳамон Наврӯзи бостонӣ аст, чунин мефармояд:

Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,
Баросуда аз ранҷ рӯи замин.
Бузургон ба шодӣ биоростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Дар ҳақиқат Наврӯз яке аз куҳантарин, зеботарин, маҳбубтарин, пуршӯртарин ва фарогиртарин ҷашнҳои мардумии миллати мо буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Наврӯз дар тӯли таърихи халқи тоҷик ҷузъи таркибии ҳастии он, ё ба таъбири дигар “Шиносномаи миллат” ба ҳисоб меравад.

Яке аз сабабҳои асосии сайри тӯлонии таърихӣ доштани ҷашни Наврӯз бо сайри солонаи афлок ва табиат мутобиқ будани он аст, зеро маҳз дар айёми наврӯзӣ Офтоб ба бурҷи Ҳамал омада, шабу рӯз баробар мегардад ва табиат эҳё шуда, зиндагии тозаеро аз сар мегирад. Ҳамин аст, ки ҷашни Наврӯз дар миёни миллати мо бо номи иди Сари сол низ хеле маъруф аст.

Мавриди зикр аст, ки маҳз бо вуруди Наврӯз Соли Нав низ оғоз мешавад. Тибқи тақвими ҷалолӣ, ки дар соли 471 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 1079 мелодӣ) бо амри султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ, бо пажӯҳиши дақиқ ва мӯшикофонаи Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ ва мунаҷҷимони ҳамкораш сохта шуд, вуруди Наврӯз дар рӯзи якуми моҳи Фарвардин, мутобиқ ба 21 марти солшумории мелодӣ мувофиқ меояд. Бояд гуфт, ки тақвими ҷалолӣ, ки барҳақ ҳамон тақвими Хайём аст, аз назари арзиши риёзӣ ва нуҷумӣ бар тақвими григорӣ аз назари дақиқият бартарӣ дорад.

Далели дигари маҳбубияти Наврӯз ин аст, ки он тавозуне байни табиат ва инсон барқарор намуда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат ҳолати рӯҳии инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад, қалбашро саршор аз шодию фараҳ сохта, ба ӯ аз рӯзи неку рӯзгори обод башорат медиҳад.

Ҷои басе хушҳолист, ки Наврӯз дар Ватани аслии худ, яъне Тоҷикистони офтобӣ ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ғановату рангорангиаш эҳё гардида, ба ҷашни милливу давлатии мо ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Мавриди таъкиди хос аст, ки Наврӯз дар масири сайри таърихии худ аз сатҳи ҷашни ваҳдати қавмҳои ориёӣ то ба авҷи як ҷашни бошукӯҳи байналмилалӣ боло рафта, ҳамчун омили муттаҳидсозандаи нажодҳо ва миллатҳои мухталифи ҷаҳон рисолати тозае ифо мекунад.

Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид расман ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил гардид. Рӯзи 19 феврали соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он Иди Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар кишварҳои Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Албания ва Косово рӯзи 21 март рӯзи истироҳат аст. Бешак, ин падидаи нек баёнгари он аст, ки миллати тоҷик ба ҳайси як миллати тамаддунофар ва мунодии сулҳу дӯстию бародарӣ рисолати таърихии хешро дар асри ҷаҳонишавӣ таҳти ҳидоят ва роҳбарии Пешвои хирадмандаш бо муваффақият адо карда истодааст.

Наврӯз бо ҳама зебоию назокати афлокӣ ва заминиаш дар миқёси фарҳанги умумибашарӣ намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, барои коштан ва парвариши тухми муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдат дар миёни инсонҳо, қавмиятҳо, миллатҳо, давлатҳо ва минтақаҳову қитъаҳои ҷаҳон заминаи арзишманди маънавӣ фароҳам овардааст. Бинобар ин, яке аз ҷанбаъҳои аслии ҳикмат ва фалсафаи Наврӯз ба сифати як ҷашни воқеан оммавию мардумӣ дар риояти баробарии миёни одамони синну соли гуногун ва табақоти мухталифи ҷомеа зоҳир мегардад. Яъне Наврӯзро хурду бузург, ғанию фақир, орифу оммӣ, хулоса ҳама қишрҳои ҷомеа озодона ва бо шавқу ҳаваси беандоза ҷашн мегиранду хушҳолӣ мекунанд.

Таҷлили Наврӯзи имсола барои мо аз аҳаммияти бузурги таърихӣ бархурдор мебошад. Зеро мардуми сарбаланди Тоҷикистон имсол 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамонро ба шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекунад ва Наврӯзи имсоларо метавон ба ҳайси як ҷашни бузурги миллӣ сароғози тантанаҳои ҷашни Истиқлол унвон кард. Ин аз мо эҳсоси масъулияти амиқи шаҳрвандӣ, афзудани ишқу алоқаи боз ҳам бештар ба сарзамини аҷдодӣ, ободкорию созандагӣ ва ваҳдату якпорчагии қавиро дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозо мекунад. Умедворем, хиради азалӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин ҷода ёру ёвари мо хоҳад буд.

Наврӯз ҷавонии ҷаҳон аст,
Пайванди замину осмон аст.
Дар боғи умеди синаи мо
Наврӯз баҳори бехазон аст.

Наврӯз муборак бод, ҳамватанони гиромӣ!

Мо дар Telegram