НАВРӮЗ – ҶАШНИ ЗЕБОӢ

НАВРӮЗ – ҶАШНИ ЗЕБОӢСоли нави Аҷам — Наврӯз, ки иди байналмилалӣ эълон шуда, моро боз ҳам шоду масрур намуд. Ҳамакнун ин ҷашни фархундаро дар тамоми ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони мо расидааст. Наврӯз ин иди аҷдодонамон мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ монда, арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ, арҷгузорӣ ба расму оини гузашта мебошад. Наврӯз ин оғози рӯзу моҳу соли нав аст. Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати ватандӯст, новобаста аз ҳама гуна офатҳою газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай ба хоку марзи ин ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондааст. Ин ҳасудон бо баҳонаҳои зиёде садди роҳи таҷлили ҷашни Наврӯз мешуданд ва ин чиз дар даврони шӯравӣ низ ба назар мерасид. Бо ин ҳама дарду машаққатҳо ин миллат тавонист дубора Наврӯзро зинда кунад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад! Имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст. Наврӯз як ҷашни зебост ва дар фасли арӯси сол – баҳор қайд мешавад. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ҳамасола дар саросари кишвар ин ҷашни бошукӯҳ бо тамоми расму оинҳояш таҷлил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки Наврӯз ба худ расму оинҳои гуногун дорад ва аз рӯзгори пешин то ин замон онҳо ба мо расидаанд. Пеш аз ҳама, кӯдакон дар оғози фасли баҳор ва Наврӯзи ҳуҷастапай маросими гулгардониро ба ҷой меоранд. Гулгардонӣ ин маросиме мебошад, ки кӯдакон гулҳои наврустаи баҳориро хона ба хона бурда, мардумро ба омад-омади баҳор ва Наврӯзи Аҷам табрик менамоянд. Дар навбати худ соҳибхона ба онҳо ягон ҳадяе медиҳад. Дар Наврӯз одамон ба ободкориҳо ва деворҳои хонаашонро сафед мекунанд. Дар баъзе маҳалҳо инро хонабурорӣ ё хонатаконӣ мегӯянд, аз ҳолу аҳволи беморон хабар мегиранд. Дар гузашта, агар нисбат ба якдигар ягон кинаю ҳасад доштанд, бахшоиш мекунанд, зарфҳои шикастаро мепартоянд, гулхан меафрӯзанд, дар баъзе минтақаҳо аловпарак, яъне аз болои оташ меҷаҳанд ва дигар маросимҳои Наврӯзиро тантанавор мегузаронанд. Ҳамаи ин сунатҳои Наврӯзӣ аз ниёгон ба мо омада расидааст.

Як ҷашни куҳан омад,
Озода бадан омад.
Наврӯзи Ватан омад,
Наврӯз муборак бод!

Албатта, дар ин рӯз духтарон либосҳои миллӣ ба бар карда, дастурхони Наврӯзӣ меороянд ва шеъру ғазалхонӣ менамоянд. Воқеан, Наврӯз ва баҳор ин айёми шукуфоист, ба куҷое нанигарем ҳама гулпӯшу гулрез аст. Мурғакони чаман сари ҳар навниҳоли шукуфта нишаста, нағмасароӣ мекунанд ва аз рафтани фасли дай хушҳолӣ карда, баҳори накӯпайро пешвоз мегиранд.

Дар ҷашни Наврӯз хӯрокҳои миллӣ омода мекунанд. Яке аз хӯрокҳои маъмули Наврӯзӣ ин суманак ба ҳисоб меравад ва агар нишонаи Наврӯзу баҳор гӯем ҳам, хато намекунем. Хӯроки дигари Наврӯзӣ ин далда мебошад, ки дар баъзе минтақаҳо бо номҳои даля, гандумкӯчак, ярма ё боч маъмул аст. Адади хӯрокҳои баҳорӣ ниҳоят зиёд аст. Масалан: оши тупа, оши бурида, атолаи наскӣ (асосан аз наск ва алафҳои баҳорӣ тайёр мешавад), далдаи ба шир, гандумоб ва ғайра.

Дар сиёсати фарҳангии Сарвари кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз ҳамчун рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кина ва бахшиши гуноҳҳои ҳамдигар, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамонаи мардумони мо мебошад.

Шаҳноза ҚОДИРОВА

Мо дар Telegram