НАВРӮЗ ДАР ОИНАИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН

17.03.214Бо ҳамин унвон дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди байналмилалии Наврӯз конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, тазаккур дод, бузургони мо аз Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то имрӯз дар васфи Наврӯз шеъру тарона ва достону чакомаҳои зиёд офаридаанд ва зебоиву бузургии ин ҷашнро тавсиф кардаанд. Суннати ситоишу парастиши баҳор, фазилати анҷуманороӣ ва гирди хони наврӯзӣ бо нияти хайр нишастан дар шоҳкории беназири фарҳанги ниёгони мо — «Авесто» аз мавзӯъҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Дар аҳди Хусрави Парвиз ромишгари бузург Борбад дурдонаҳои беҳтарини савту навои наврӯзиро дар оҳангҳои «Сози Наврӯз», «Наврӯзи бузург», «Наврӯзи Хоро» ва «Сабз андар сабз» фароҳам оварда, ба хизмати ояндагон гузоштааст. Беҳтарин баҳорияҳо, ситоиши Наврӯз ва баёни ормонҳои неки инсонӣ дар ашъори безаволи устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Сайидо ва дигар адибони номдори мо гирд омадаанд.

Зикр гардид, ки рӯҳ ва ғояи ҷовидонии сурудаҳои Борбад ба оҳангу таронаҳои «Шашмақом», «Фалак» ва дигар осори мусиқии мо ворид гардида, бунёди созу навои аксари мардумони машриқзаминро гузоштааст. Готҳо ё сурудҳои китоби муқаддаси Авасто саховати замин, амвоҷи киштзорон, фаровонии зироатҳо, хурӯши чашмасору дарёҳо ва боғу бӯстонҳои сабзу хуррамро тараннум менамоянд. Аз саҳифаҳои он садои Замин — Модар ба инсоният, яъне ба фарзандонаш, бо ин мазмун ба гӯш мерасад: «Эй, инсон! Эй он, ки маро бо дасти чапу рост ва росту чап мерониву кишт мекунӣ! Агар ба оғӯши ман як дона гандум бипартоӣ, ман ба ту сад дона хоҳам дод. Ҳар қадар, ки хоҳӣ ба ту ғаллаву мева ва ризқу рӯзӣ бармегардонам». Ин панди пурҳикмат, бешак, инсонро ба меҳнат кардан, дӯст доштани замин ва офаридани неъматҳои моддӣ даъват менамояд.

Муовини ректори донишкада оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Авғонов зимни ироаи мавзӯи “Арзишҳои миллӣ ва умумибашарии Наврӯз” иброз дошт, ки Наврӯз аз оғози тамаддуни ориёӣ ба унвони намоди ҳастӣ ва ваҳдат шинохта шудааст. Ҷашни Наврӯз бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллию умумибашарӣ ва инсондӯстии худ аз маҳдудаи фарҳангу тамаддуни ориёӣ-тоҷикӣ хориҷ шуда, ба унвони ҷашни миллии халқҳои зиёде табдил ёфтааст. Айни замон кишварҳои бисёре новобаста аз нажоду забон Наврӯзро ба ҳайси иди миллии хеш таҷлил мекунанд.

Ба гуфтаи муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Мирахмедов, шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд. Дар кулли кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд ва бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд, номи он як хел садо медиҳад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон — Наврӯз, Эрон — Наврӯз, Афғонистон — Наврӯз, Қазоқистон — Nowruz, Ӯзбекистон — Navroz, Озарбойҷон — Navruz, Туркманистон — Navruz, Қирғизистон — Naypыз.

Иштирокдорони конфронс ба ин назар буданд, ки посдории расму суннатҳои наврӯзӣ василаи беҳтарини поксозии ботини инсонҳо аз бори гарони адовату кина мебошад. Ин амр онҳоро водор месозад, ки ба адлу инсоф оянд, ҳамдигарро дӯст доранд ва ба корҳои неку созанда даст зананд. Ин суннати нек ва фарҳанги воло, ки аз таърихи пурифтихори аҷдоди ориёиямон сарчашма мегирад, асрҳо боз ба миллати мо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ хизмат мекунад.

Ҳамзамон бо ин, дар конфронси илмӣ-назариявӣ омӯзгори кафедраи филология Сайро Ғафурова мавзӯи “Бархе вижагиҳои Наврӯз дар кишварҳои дигар”, декани факултаи санъати театрӣ Маҳмадалӣ Сангов “Наврӯз ва таърихи пайдоиши он”, мудири кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ — фарҳангӣ ва сайёҳӣ Ҷаҳонгул Тайғуншоева “Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Бадахшон”, дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Раъно Имомалиева “Наврӯз -ҷашни миллӣ ва мардумӣ”, мудири кафедраи филология Зулфия Мирзода “Таърихи ҷашни Наврӯз”, дотсенти кафедраи режиссура ва продюсерӣ Санавбар Мирмуллоева “Наврӯзи Бадахшон (маросими ҷуфтбаророн дар Бадахшон)”, муҳаррири маҷаллаи “Фарҳанг ва санъат” Додоҷон Рӯзиев “Наврӯз оғози тамаддуни ориёӣ”, корманди қисми илм Синои Абуалӣ “Васфи баҳору Наврӯз дар ашъори Лоиқ Шералӣ” ва дигарон маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуда, оид ба таърихи пайдоиши Наврӯз ва суннатҳои наврӯзӣ маълумоти муфассал доданд. Конфронси илмӣ – назариявии «Наврӯз дар оинаи фарҳанги тоҷикон» дар ду бахш ҷараён гирифта, дар он 22 маърӯзаи илмӣ матраҳ гардид.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
Синои АБУАЛӢ

Мо дар Telegram