Навори ҷанозаи Аловуддин Абдуллоев дар Бохтар

Навори ҷанозаи Аловуддин Абдуллоев дар Бохтар

Дар навор дида мешавад, ки чиқадар одамон дар ҷанозаи ин ҳунарманди бузург ҷамъ омадаанд, ва боз одамони дигар бо онҳо якҷо шудаистодаанд.

Навори ҷанозаи Аловуддин Абдуллоев дар Бохтар

Хотиррасон мекунем, ки ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори маъруф Аловуддин Абдуллоев дар синни 57-солагӣ 17-феврал дар шаҳри Бохтар ногаҳон даргузашт. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби фавти ҳунарманди шинохта чӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол, Савсан Шарифзода, муовини раҳбари Раёсати фарҳанги Хатлон гуфт, ки Аловиддин Абдуллоев тайи ду рӯзи ахир аз фишорбаландӣ шикоят дошт. «То шаб якҷо кор кардем, манро то истгоҳ дар мошинаш бурд, ҳолаш хуб буд», -гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Мо дар Telegram