Навгонӣ дар либоси занонаи милиса дар Тоҷикистон

Милисазанони Тоҷикистонро навгониҳо интизор аст. Дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии шаҳри Гулистон лоиҳаи либосҳои саҳроии бонувони кормандони ҳифзи ҳуқуқро ба роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, хабар дод хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.

Тарроҳон пешниҳод намуданд, ки либос аз атлас ва адраси миллӣ бо услуби миллӣ ва аврупоӣ духта шудааст.

Ин лоиҳа дар ҳолати муваффақ шуданаш, танҳо дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ бонувони кормандони ВКД дар баробари шаҳрвандон метавонанд пироҳанҳояшонро ба бар кунанд.

Дар рӯзҳои ҷашну маросимҳо дар баробари кормандони мардони ҳифзи ҳуқуқ бонувон низ дар таъмини интизом ва бехатарӣ саҳмгузор мебошанд.

Навгонӣ дар либоси занонаи милиса дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон ба тиктокерон дар бораи масъулият барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳушдор медиҳад

Мо дар Telegram