Натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати фарҳанг дар се моҳи аввали соли 2021

13.04.2113 апрели соли 2021 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли 2021 бо ширкати Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои вазорат, масъулони раёсатҳои фарҳанги шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон мудирони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои тобеи марказ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат доир гардид.

Дар ҷаласа сардорони раёсату шуъбаҳои вазорат оид ба фаъолияти раёсату шуъбаҳо дар давраи ҳисоботӣ гузориш доданд.

Ҳамаи масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо назардошти тағйиру иловаҳо қарори дахлдор қабул гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа Вазирии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода баромад намуда, вазифаҳои минбаъдаро дар давоми сол мушаххас намуда, таъкид карда, ки дар соли таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон боз ҳам бештар эҳсоси масъулият намоем.

Мо дар Telegram