Нархҳои чиптаҳои Москва-Душанбе-Москва эълон шуданд

Ду ширкатҳои Тоҷикистону Русия, ки парвзҳои мунтазамро ба зима доранд, нархи чиптаҳоро эълон намуданд. 

Нархҳои чиптаҳо аз самти Москва ба Душанбе нисбат ба Душанбе-Москва як баробар фарқият доранд. Арзиши парвоз аз Москва ба Душанбе 143 доллар ё 1640 сомонӣ муқаррар гардидааст ва аз Душанбе ба Москва бошад 349 доллар ё 3983 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳо дар як ҳафта як маротиба сурат хоҳанд гирифт ва 3 апрел аввалин парвози ширкати «Ютейр» аз самти Душанбе ба Москва бо риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва ташхис аз коронавирус анҷом меёбад. 

Парвзоҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Россия аз 1 апрел баъд аз як соли қатъ гардӣ оғоз меёбанд.

Нархҳои чиптаҳои Москва-Душанбе-Москва эълон шуданд

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба саволҳо оид ба ифтитоҳи парвозҳо посух дод

Мо дар Telegram