Нақши воситаҳои электронии ахбори омма дар инъикоси арзишҳои фарҳангии кишвар

15.03.21.1Бо ибтикори факултаи режиссура, кино ва телевизион дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 109 — солагии матбуоти тоҷик бо унвони «Нақши воситаҳои электронии ахбори омма дар инъикоси арзишҳои фарҳангии кишвар: мушкилот ва дурнамо» конфронси илмӣ — назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки имрӯз воситаҳои электронии ахбори омма: телевизион, радио ва интернет аз ҳама бештар барои мардум дастрас мебошанд. Таваҷҷуҳ ба шабакаи ҷаҳонии интернет рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Тариқи телефони мобилӣ имкони дидан, шунидан ва хондани воқеа, ҳодиса ва рӯйдодҳои навтарини ҷаҳон имконпазир гардидааст.

Бино ба иттилои ректори донишкада, дар шабакаи интернет саҳифаҳои “Интернеттелевизион”, “Интернетрадио”, “Интернетгазета” ва сомонаҳои зиёди иҷтимоӣ фаъол мебошанд. Яъне, технологияи иттилоотии электронӣ бо суръати кайҳонӣ рушд дорад. Вобаста ба ин, дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди воситаҳои электронии ахбори омма пойдевори мустаҳкам гузошта шуд.

Декани факултаи режиссура, кино ва телевизион, доктори илмҳои филологӣ, профессор Зулфиддин Муъминҷонов мавзӯи «Нақши воситаҳои электронии ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инъикоси арзишҳои фарҳангии кишвар” – ро матраҳ намуда, зимнан тазаккур дод, ки агар то соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон як телевизион бо номи “Тоҷикистон” фаъолият мекарда бошад, баъди касби истиқлолият то ба имрӯз 31 телевизиони ғайридавлатӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ва 8 телевизиони давлатии ҷумҳуриявии соҳавӣ: “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Варзиш”, “Синамо”, “Футбол”, “Шаҳнавоз”, “Илм ва табиат” таъсис ёфта, фаъолият мекунанд. Аз ҷиҳати технология телевизионҳои давлатӣ пурра ба формати НD, яъне рақамӣ гузашта, сифати пахши онҳо ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ гаштааст.

Аммо, сифати барномаҳои телевизионӣ вобаста ба пешрафти технология ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Вобаста ба ин мавзӯъ чандин таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳояшон бо кормандони воситаҳои ахбори оммаро ба ёд овардан кофист, ки аз касбияти баъзе кормандони телевизион нигаронӣ намуданд.

Ба гуфтаи Зулфиддин Муъминҷонов, ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои ҳирфаӣ барои телевизиону радио, сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ, хадамотҳои матбуотӣ ва ғайраҳо, ки ба истифодаи бофарҳангонаи интернет вобаста аст, дар факултаи режиссура, кино ва телевизион корҳои муайян роҳандозӣ гардидаанд. Ба ин иҷрои лоиҳаи “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” мусоидат хоҳад кард.

Дар конфронс, инчунин мавзӯъҳои “Нақши Телевизиони “Сафина” дар инъикоси масъалаҳои фарҳангӣ”, «Нақши воситаҳои ахбори омма дар тарғиби сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Махсусиятҳои хоси жанри ток-шоу дар телевизион”, “Мушкилоти рушди телевизион ҳамчун воситаи пуриқтидори электронии ахбор дар Тоҷикистон”, “Саҳми ҳунарпешагони театр дар барномаҳои телевизионӣ”, “Инерактивнокӣ дар воситаҳои электронии ахбори омма”, Пахши мустақим ҳамчун як шакли пешниҳоди барнома дар телевизион”, “Нақши АМИТ “Ховар” дар тарғиби ҳаёти фарҳангӣ” ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифта, барои нақши созанда гузоштани воситаҳои электронии ахбори омма дар инъикоси арзишҳои фарҳангии кишвар пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.

Конфронси илмӣ — назариявии ҷумҳуриявӣ бо унвони «Нақши воситаҳои электронии ахбори омма дар инъикоси арзишҳои фарҳангии кишвар: мушкилот ва дурнамо дар ду бахш — «Нақши технологияи муосири иттилоотӣ дар инъикоси арзишҳои фарҳангӣ» ва «Истифодаи ҳирфавии жанрҳои журналистика дар инъикоси арзишҳои фарҳангӣ” ҷараён гирифта, дар он 30 маърӯзаи илмӣ матраҳ гардид.

Додоҷон РӮЗИЕВ

 

Мо дар Telegram