Намояндагони Вазорати маорифи Россия оиди донишҷӯёни тоҷик

Намояндагони вазорати маориф ва илми Русия
дирӯз оиди мушкилоти донишҷӯёни тоҷик дар брифинги дар Донишгоҳи Славянӣ баргузор гардида суҳбат карданд.
Дар брифинг Елена Горожанкина, муовини директори Департаменти ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Русия иштирок варзиданд.
Ба гуфтаи онҳо ин ба мушкилоти доғи рӯз табдил ёфтааст зеро, ки иҷозати вуруд барои донишҷӯён ва умуман кушода шудани сарҳадҳо аз вазъи эпидемиологии кишвар вобаста аст ва ин қарорро Роспотребнадзор метавонад барорад.
«Мо ҳамеша мегӯем, ки Тоҷикистон ҳам аз рӯи шумораи донишҷӯён ва ҳам аз ҷиҳати масъала фарқ мекунад — мо медонем, ки ин вазъ барои донишҷӯён ва ҷомеа то чӣ андоза ҳассос аст. Мо мегӯем, ки Тоҷикистон бояд яке аз аввалин кишварҳое бошад, ки вуруд барои донишҷӯёнаш иҷоза дода шавад», — гуфт Горожанкина.
Инчунин Горожанкина зикр намуд, ки назорати мутахассисони Роспотребнадзор дар дигар кишварҳо низ санҷиш гузаронида истодааст ва муносибатҳои хуб миёни кишварҳо дар ҳолати кунунӣ аҳамияташ аз таъсир дур аст.
Мо дар Telegram