Намояндагони “Роспотребнадзор” ба Душанбе омаданд. Онҳо вазъи эпидемиологии кишварро месанҷанд

Вазорати саноат барои додани иҷозатнома “Равзанаи ягона”ро боз кардааст

Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар барои додани иҷозатнома “равзанаи ягона” -ро боз кардааст. Таъсиси сомонаро дар вазорат бо тарзи содда ва раванди шаффоф гирифтани иҷозат барои оғози тиҷорат дар бахши саноат шарҳ додаанд.

Акнун гирифтани иҷозатномаро шаҳрвандон метавонанд ба тарзи фосилавӣ тавассути сомонаи ijozatnoma.tj дархост намоянд. Инчунин дар вазорат қайд кардаанд, кушодани равзана ба дастгирии соҳибкорон ва густариши истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар равона шудааст.

Намояндагони “Роспотребнадзор” ба Душанбе омаданд

Ҳайати намояндагони “Роспотребнадзор” ба Душанбе омаданд. Имрӯз, 16 марти соли равон дар Вазорати тандурустии кишвар муовини вазири тандурустӣ Самариддин Ализода бо Олга Кедрова, Ирина Шарова, Кирилл Марсоха, намояндагони  корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Русия “Микроб”-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон “Роспотребнадзор” мулоқот намуд. Зимни вохурӣ  ҷонибҳо доир ба вазъи феълии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки сафари кории намояндагони  “Роспотребнадзор” дар Тоҷикистон то 19 марти соли равон дар назар буда, дар ин муддат онҳо аз як қатор озмоишгоҳ ва муассисаҳои тандурустии мамлакат боздид ба амал хоҳанд овард.

Тоҷике дар ИМА барои ташкили арӯсии дурӯғин барои грин-корт ҳабс шуд

Додгоҳ дар аёлати Каролинаи шимолии Амрико як зодаи Тоҷикистонро барои хостгорӣ кардани як зани маҳаллӣ ба марди гурҷӣ ва ташкили издивоҷи тақаллубӣ ба хотири ба даст овардани ҳақи иқомат дар ин кишвар ба 8 моҳи зиндон маҳкум кард.

Додситонии аёлоти Королинаи шимолӣ рӯзи 15-уми март эълон кард, ки Тоҷиддин Раҳимов, зодаи 47-солаи Тоҷикистон ба гуноҳи хеш дар ташкили издивоҷи тақаллубӣ иқрор шуд ва додгоҳ ба ин ҷурм ӯро 8 моҳ аз озодӣ маҳрум сохт.

Ба гуфтаи додситонӣ, Раҳимов як хонуми Амрикоиро, ки дар кӯчаҳо гадоӣ мекард, пешниҳод кардааст агар бо марди гурҷитабор издивоҷ кунад, ба ӯ 12 ҳазор доллар, як мошин ва хонаи иҷора мегиранд.

Бо миёнравии Раҳимов хонуми амрикоӣ, ки бо дӯстдоштааш дар кӯчаҳо талбандагӣ мекарданд, бо Ломтатидзе ном гурҷитабор расман издивоҷ мекунад, то ки марди гурҷӣ соҳиби грин корт ва ё ҳақи иқомат дар Амрико шавад. Бар асоси санади издивоҷи дурӯғин, Ломтатидзе соҳиби грин корт шудааст.

Аммо дар ин миён модари хонуме, ки гӯё бо ӯ издивоҷ карда буд, аз қазия огоҳ шуда ба мақомоти муҳоҷирати Амрико дар бораи ин ҳодиса хабар додааст.

Вазорати маорифи Тоҷикистон санаи таътили баҳории мактабиёнро гуфт

Вазорати маориф санаи оғози таътили баҳории мактаббачагони Тоҷикистонро эълон кард. Таътили баҳории мактаббачагон дар Тоҷикистон 10 рӯз идома хоҳад ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ.

Имсол мактаббачагони тоҷик аз 21 то 31 март истироҳат мекунанд. Пас аз таътил мактаббачагони тоҷик рӯзи панҷшанбеи 1 апрел ба мизи хониши худ бармегарданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол иди баҳорӣ Наврӯз аз 21 то 24 март таҷлил карда мешавад. Аммо, азбаски 21-ум ба рӯзи истироҳат рост меояд, ҷашн боз як рӯзи дигар идома карда – 25 март низ рӯзи ғайри корӣ хоҳад шуд.

Номҳои нав: қарори Ҳукумат барои тағйири номҳо дар Данғара, Фархор ва Ҷ.Балхӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат аз пешниҳоди вакилони халқии вилояти Хатлон барои тағйири номи бархе минтақаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Фархор, Данғара, Темурмалик ва Ҷалолиддини Балхӣ ҷонибдорӣ кардааст

Бар асоси қарори Ҳукумат ва пешниҳоди вакилони Хатлон, дар ноҳияи Данғара номи деҳоти Оқсу ба Сафобахш, деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ ба Себистон ва Кангӣ ба Меҳргон иваз карда шудааст.

Дар ноҳияи Фархор номи деҳоти Деҳқонариқ ба Деҳқонобод, номи деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба Истиқлол, Ғайрат ба Хуросон, Ғалаба ба Хутан, Хуррамзамин ба Ориён иваз карда шуд.

Бар асоси қарори Ҳукумат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ номи деҳоти Узун ба Золи Зар, деҳоти Фрунзе ба Навоӣ, деҳаи Москва ба Зарзамин, Ҳосилот ба Обчакорон, деҳаи Киров ба Даштобод, Ташробод ба Сабзадашт мубаддал шуд.

Дар ноҳияи Темурмалик маҳаллаи Совет номи Баҳманруд, деҳоти Лақай Кармишев номи деҳоти Кушктеппа, деҳоти Бобоюнус номи Чилчаҳ ва деҳоти Қаракамиш номи Ҳусайнободро гирифт.

Ҳукумат тағйироти мазкурро барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳод кардааст.

AstraZeneca-ро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст?

Баҳси то куҷо бехатар будани ваксинаи AstraZeneca то ба Тоҷикистон ҳам расидааст. Кишвар ҳафте пеш тақрибан 200 ҳазор воя ё дозаи ин навъи ваксинаро дастрас кард ва, қарор буд, ба наздикӣ истифодаашро шуруъ кунад.

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, вазъро пайгирӣ доранд. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, рӯзи 18-уми март дар як нишасти хабарии вижа дар Душанбе тасмими ниҳоӣ дар бораи истифода аз ваксинаи AstraZeneca эълон мешавад. Дар ин нишаст намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва ЮНИСЕФ низ ширкат хоҳанд кард.

Аммо дар байни мардум ва бахусус пизишкон, ки бояд аввалин шуда ваксинаи AstraZeneca-ро бигиранд, назарҳо яксон нест. Баъзе аз пизишкон мегӯянд, татбиқи ваксина муҳим аст, аммо иддае дигар таъкид доранд, ки баҳс дар бораи амн будани AstraZeneca зиёд аст ва то эълони хулосаи ниҳоӣ аз гирифтанаш худдорӣ меварзанд.

Баҳси то куҷо бехатар будани ваксинаи сохтаи Бритониёву Шветсия ҳоло яке аз мавзуъҳои асосӣ дар кишварҳои аврупоӣ аст. Баъзе аз ин кишварҳо гуфтаанд, бо сабаби нигарониҳо аз лахташавии хун баъд аз қабули ваксинаи AstraZeneca муваққатан аз истифодаи он даст мекашанд.

Сообщение Намояндагони “Роспотребнадзор” ба Душанбе омаданд. Онҳо вазъи эпидемиологии кишварро месанҷанд появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram