Намоиши “Сад ранги чакан” дар Осорхонаи миллӣ

15.03.21.4Чакан яке аз ҳунарҳои мардумии тоҷикон буда, таърихи ниҳоят қадима дорад.

Рӯзи 16 марти соли 2021, соати 17:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сад ранги чакан” намоиш ифтитоҳ мегардад.

Намоиш бо иқдоми Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, либоси миллӣ — чакан ва намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон доир карда мешавад.

Мо дар Telegram