Намедонам зани чандум ҳастам

Намедонам зани чандум ҳастам

Намедонам ба куҷо сар занам. Ҳодисаҳои рӯзгорам маро дар гирдоби андешаҳо партофтааст. Шавҳарамро дӯст медорам ва ӯ маро дӯст медорад. Бародари калонии ӯ дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуду зани вай бо чор кӯдакаш ба оилаи мо омад.

Ман бо хушдоману хусур ва шавҳару бо ду кӯдакам мезистам. Зиндагиамон сахт вазнин шуд, ҳатто рӯзҳо баъзан гушна мегаштем. Шавҳарам маҷбур шуда ба Русия рафт. Соли аввали кораш пули овардааш базӯр барои зиндагиамон расид. Дар инбайн модари ман аз дунё гузаштанду таъмини ду додари хурдиам ҳам ба зиммаи ман афтод. Ба бахтамон соли дуюм шавҳарам пули зиёд овард, ки зиндагиро ҳаматарафа таъмин мекард. Ба болои ин, ӯ мошин харид, хонаи дигаре хам гирифт. Рӯз ба рӯз зиндагиамон беҳтар мешуд.

Муносибати шавҳарам баъди пулдор шудан ҳам, ба ман тағйир наёфт. Баръакс, бештар меҳрубонӣ мекард, додаронамро саробон буд. Бароиман аҷоиб метофт, ки чаро нафарони бо шавҳарам рафта, баробари ӯ наметавонанд пули зиёд оранд. Боре як нафар ҳамсояамонро, ки бо шавҳар рафтаву чизе наовард (баръакс қарздор шуд) ба беҳунарӣ муттаҳам карда, гуфтам: » Аз шавҳари ман ибрат гир!» ӯ бо хашм ҷавоб дод: «Аввал як бор паспорти шавҳаратро бин!» Ин гапи ӯ ба ман таъсир кард. Ба хона омада, шиносномаи шавҳарамро ёфтам. Ин шиносномаи нави тоҷикӣ буд. Онро варақзадам. Худоё! Дар ҷои мӯҳри ЗАГС ба ҷои насаби ман ному насаби русзане навишта шуда буд. Дуне дар назарам гирд гашт.

Чун шавҳарам аз ҳолати ман огаҳӣ ёфт, меҳрубонона оромам кард: -Агар ин зан намебуд, шояд мо ба ин рӯз намерасидем. Маҳз шиносоӣ бо ин зан имконият дод, ки ман тавонам зиндагии оромро фароҳам орам. Аслан, ман бо ӯ муносибати заношӯӣ надорам, танҳо ақди никоҳ дар рӯи қоғаз аст. Қиссаи рӯзгори манро фаҳмида, дили зан ба ман сӯхту ба қайди ақди никоҳ барои бепул зистан дар хонаи ӯ ва ба қайди бепули шаҳрвандӣ имкон дод. Ин зан аз ман 11 сол калон аст. Агар бовар накунӣ, метавонӣ ба ӯ занг занӣ…

Аммо бо вуҷуди он ки шавҳарам боре маро фиреб надодааст, дилам сиёҳ аст. Нисбат ба ӯ сард шудаам. Аз он ки ҳама беҳшавии зиндагиамонро ба вобаста медонанд, намедонам чӣ кор кунам… Аз баҳраш гузарам? Обор вай маро дӯст медорад! Маслиҳатгари ман шумоед!

Ф.Н. сокини пойтахт. Аз «Оила»

Мо дар Telegram