Наҷоти як духтари 15-сола дар Хуҷанд, ки мехост худкушӣ кунад

Наҷоти як духтари 15-сола дар Хуҷанд, ки мехост худкушӣ кунад

Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чанд соат пештар як духтари 15-солаеро наҷот доданд, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир афканда буд. Хабари худро ба дарё сарозер кардани ин духтар соати 12:20 дақиқа расид ва наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодис а ҳозир шуданд.

Корҳои наҷот вақти зиёд нагирифт. Ба муҷарради ба макони ҳодиса расиданд, имдодгарон фаврӣ худро ба об зада, духтарро зинда наҷот доданд. 

Ҷузъиёти бештар дар бораи ин духтар маълум нест. Маълум ҳам нест, ки чӣ ва ё кӣ ӯро ба амали худкушӣ тела тела додааст.

Наҷотдиҳандагон то омадани мошини ёрии таъҷилӣ ба духтар кумакҳои аввалияи тиббиро расонданд. Ба сабаби сардии оби дарё наҷотёфта ба ёрии амалии тиббӣ ниёз дошт. Аз ин рӯ, зарур омад ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол диҳанд.

Мақомоти дахлдор сабабҳои ин иқдоми духтари 15-солро меомӯзад. 

Шаҳзода Бутаева

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

Мо дар Telegram