Мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ миёни таълимгирандагони коллеҷҳо

1713

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Консепсияи миллии тарбия ва омода намудани кадрҳо дар соҳаи таъмини амният рӯзи 3-юми апрели соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе дар қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳо, ҳайати сарбозону афсарон ва командири қисми низомии 3502, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур донишҷӯёни Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи техникӣ-оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи техникӣ-технологии назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгории мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Шуъбаи таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аз рӯи ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автомати Калашников, ҳаво додани норинҷак, гуштини миллӣ, давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, вазнбардорӣ, қаду рост кардани дастон ва эстафетаи даставӣ миёни ҳам сабқат варзидаанд.
МДТ Коллеҷи милитсия бо роҳбарии муовини сардори муассиса подполковники милитсия Давлатзода С., сардори кафедраи тайёрии тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ майори милитсия Хонҷонов М.Ҷ., иштирок ва ширкат варзида дар байни дастаҳо сазовори ҷойи 2-юм гардиданд аз ҷумла: Курсантони курси 3-юм Алиаҳмадов Қурбон ҷойи аввал дар намуди давидан ба масофаи 100 метр, Алидодов Наҷмиддин ҷойи дуюм дар намуди ҳаво додани норинҷак, Муҳаммадисои О. ҷойи сеюм дар намуди ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автомати Калашников, курсантони курси 2-юм Наҷибуллои Исмоил ҷойи аввал дар намуди қаду рост кардани дастон, Сафаров Зикрулло ҷойи аввал дар намуди гӯштини миллӣ, Ризоев Ҳ., Давлатов М. ва курсанти курси 1-ум Фозилзода К. ҷойҳои дуюмро дар намуди эстафета.

17141715

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва ташкилкунандагони чорабинӣ бо диплому ифтихорномаҳо ва ҷому медалҳои Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд.

Хонҷонов М.Ҷ., сардори кафедраи ТТМ ва ОҶ, майори милитсия
Ибрагимов Б.М., муаллими кафедраи фанҳои дақиқ ва техникӣ, лейтенанти милитсия

Мо дар Telegram