Мунтахаби наврсони Тоҷикистон (U-17) дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии Аҳлиддин Турдиев ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” ба Минск сафар кард. Мусобиқа аз 31 то 6 феврал доир мешавад.

Барои иштирок дар 17-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” Аҳлиддин Турдиев бо худ 20 бозигар, аз ҷумла 2 дарвозабон, 6 муҳофиз, 8 ниммуҳофиз ва 4 ҳамлагарро ҳамроҳ гирифтаст. Дар ин мусобиқа дастаи наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Қазоқистон, Молдова ва Беларус бозӣ мекунад.

Мусобиқаи анъанавии “Ҷоми рушд-2021” дар маҷмааи футболӣ дар Минск доир мегардад. Мусобиқа аз рӯи низоми даврагӣ дар як қисм баргузор шуда, ғолиб аз рӯи шумораи имтиёзҳои бештари ба даст оврдааш муайян мегардад.

Бозии аввали наврсони мо рӯзи 31 январ муқобили ҳамсолонашон аз Қазоқистон доир мешавад. Ин мусобиқа соати 14:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

 

Ҳайати мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикисто (U-17) барои иштирок дар «Ҷоми рушд-2021»:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Сӯҳробхӯҷа Юсупов;

Муҳофизон: Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов;

Полузащитники: Алиҷони Айнӣ, Бежан Нишонбойзода, Хусрав Тоиров, Меҳрубон Каримов, Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Муҷовид Шовайсуддинов, Амирҷони Фаррухзод;

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода.

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

 

Мусобиқаи байналмилалии наврасон «Ҷоми Рушд-2021» дар Минск

Даври 1-ум

31 январ (якшанбе)

14:00 – Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН

17:30 – Беларус – Молдова

 

Даври 2-юм

3 феврал (чоршанбе)

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Молдова

17:30 – Беларус – Қазоқистон

 

Даври 3-юм

6 феврал (шанбе)

14:00 – Молдова – Қазоқистон

17:30 – Беларус – ТОҶИКИСТОН

ЭЗОҲ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе

Мо дар Telegram