Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон

4O6A0766

5 апрели соли 2022 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран вохӯрӣ доир намуд. Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаноби Мишел Тарранро ба Вазорати корҳои дохилӣ хушомадед гуфта, ӯро барои таъйин гардидан ба ин вазифаи пурмасъулияти дипломатӣ табрик намуда, ба мавсуф дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз қабили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор дошта, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба

Мо дар Telegram