Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири Русия дар Тоҷикистон

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов доир гардид.

Зимни вохӯрӣ Рустами Эмомалӣ бо сафири Русия оиди вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, шарикии стратегӣ, Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, маориф, иқтисод, амният ва дигар масъалаҳои афзалиятнокро баррасӣ карданд.

Инчунин, оиди омодагии шаҳри Душанбе ба ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 31 марти соли 2021 баргузор мегардад суҳбат анҷом дода шуд.

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири Русия дар Тоҷикистон

Вохӯрии ҳайати кории Роспотребнадзор бо кормандони Вазорати тандурустӣ

Мо дар Telegram