Мулоқот дар Раёсати Хатлон

Мулоқот дар Раёсати Хатлон

Бо мақсади иҷрои дастурҳои дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои  пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндагони Дастгоҳи марказии КҲФ, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ва Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Паёми Сарвари давлат, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ, мубориза бо экстремизм ва терроризм, инчунин иштирок дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва паёмадҳои онҳо шарҳ дода шуданд. Инчунин ҳисоботҳо дар бораи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  шунида шуданд.

Ин гуна вохӯриҳо ва нишасту суҳбатҳо дар ҳамаи Раёсату шӯъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва қисмҳои низомии он баргузор мешавад.

Мо дар Telegram