Мухлисони футболи тоҷик вориди майдон мегарданд

Баъд аз сар задани пандемияи коронавирус дар қатори дигар маҳдудиятҳо ба мухлисони футбол низ тамошои бозиҳо дар варзишгоҳҳо мамнуъ шуд. Чунки варзишгоҳҳо макони серодамтарин ба ҳисоб меравад ва эҳтимоли беморшавӣ онҷо зиёд мебошад.

Имрӯзҳо, ки дар Тоҷикистон дигар ҳолатҳои сироятшавӣ ба қайд гирифта нашудааст, FIFA расман иҷозати худро оид ба воридшавии тамошобинон ба варзишгоҳ иҷозат дод, хабар медиҳад ФФТ. Акнун теъдоди тамошобинон дар варзишгоҳ, набояд аз 10 ҳазор нафар зиёд бошад ва ҳангоми воридшавӣ ба варзишгоҳ шаҳрвандон бо таҷҳизотҳо санҷида мешаванд ва ниқобҳоро бо худ гиранд.

Аввалин чунин бозӣ ба бозии гурӯҳии «F» барои роҳхат ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар Қатар ба муқобили Муғулистон санаи 25 март соати 18:00 дар шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт.
 Бозиҳои Лигаи Олии Тоҷикистон бошад аз 4 апрели соли равон оғоз мегарданд ва айни ҳол бошгоҳҳои кишвар дар таътили мавсими қарор доранд.

Мо дар Telegram