Муҷассамаи Саг дар Туркманистон, Алабай.

Муҷассамаи Саг дар Туркманистон, Алабай.

Президенти Туркманистон ба саги зоти дӯстдоштааш авчаркаи осиёӣ эҳтироми баланд дорад ва ҳайкали бузурги тиллоии Алабай ном сагро бо фармони ӯ бунёд карданд.

Муҷассамаи 6-метраи саг-Алабайро дар пойтахт Ашқобод худи президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ифтитоҳ кард.

Мо тоҷикон саги зоти чӯпонӣ гуфта мешиносем, ӯзбекҳо ин гуна сагро бӯрибосар мегӯянд, дар Туркманистон туркман Алабайӣ номида мешавад.

Ин бори аввал нест, ки президент Бердимуҳаммадов сагро эҳтиром гузорад, зеро соли гузашта президенти Туркманистон китоберо дар бораи зоти сагҳо нашр карда буд.

Мо дар Telegram