Муҳоҷир ба чанги ФСБ афтид

Муҳоҷир ба чанги ФСБ афтид

Хабари пора додани як шаҳрванди Тоҷикистон ба корманди Раёсати ФСБ Русия дар тамоми расонаҳои Русия нашр гардид. Ин тоҷикбача мехост марзи Русияро убур карда, кӯшиши додани 20 ҳазор рубл пора ба шахси мансабдор кардааст, то иҷозати вуруд омаданро диҳад.

Дар вилояти Новогородск як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба корманди Раёсати ФСБ Русия пора додааст, ба додгоҳ мекашанд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллии Русия.

Бино бар иттилои тафтишот, гумонбаршаванда — шаҳрванди Тоҷикистон, ки насабаш зикр намешавад, қонуни муҳоҷиратиро нақз карда, ғайриқонунӣ марзи Русияро убур кардааст.

Вуруди муҳоҷирро ба Русия ба мӯҳлати 10 сол маҳдуд кардаанд, аммо ӯ ҳангоми қарор доштанаш дар ҳуҷраи кории Раёсати ФСБ Русия дар шаҳри Чудов кӯшиш кардааст, ки барои ҳалли мушкилиаш ба корманди мақомот 20 ҳазор рубл пора диҳад.

Мардро дар ҷойи ҷиноят дастгир кардаанд.

Муфаттишони шӯъбаи тафтишотии минтақавӣ тафтишоти парвандаи ҷиноиро нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистонба анҷом расонида, парвандаро ба додгоҳ пешкаш кардаанд.

Ҳамин тавр, ин муҳоҷири тоҷик мутобиқи моддаи 291 қисми 3 Кодекси ҷиноии Русия суд мешавад.

Аз «Оила»

Мо дар Telegram