Муаррифӣ ва эътирофи фарҳанги тоҷик аз ҷониби ҷаҳониён барои ҳар сокини Тоҷикистон ифтихор аст. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии фарҳанг (2)

15.04.2021.2Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад… Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.

Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 дар самти эҳёи таъриху фарҳанги миллати тоҷик  таъкид  доштанд. Имрӯз, ки дар саросари ҷаҳон  Рӯзи байналмилалии фарҳангро таҷлил менамоянд, ёдоварӣ аз  ин суханони пурҳикмати Пешвои миллат басо муфид ва бомаврид  аст.

Ҳамасола 15 апрел дар ҷаҳон  Рӯзи байналмилалии фарҳанг таҷлил карда мешавад, ки ба  санаи   дар Вашингтон ба имзо  расидани  шартнома «оид ба ҳифзи муассисаҳои илмию бадеӣ ва осори таърихӣ» алоқаманд аст.

Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон доир  ба аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани осори фарҳангиву таърихии миллати тоҷик суҳбат намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки  осори мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик маҳсули тафаккур ва эҷоди ин миллати тамаддунофар буда, онҳо давраҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии ниёгонамонро  аз давраҳои антиқа то имрӯз дар шаклҳои бошишгоҳ, маъбадҳо, қасру қалъа, мақбара, мадорис ва дигар шакли хоси фарҳанги мероси ғайриманқули миллӣ таҷассум менамоянд.
Зулфия Бурҳон иттилоъ дод, ки 6 апрели соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони байналмилалии ЮНЕСКО расман аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ҳамон сол Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ҳамкории худро бо ЮНЕСКО инкишоф дода, дар соҳаҳои гуногуни  ҳаёти ҷамъиятӣ лоиҳа ва барномаҳоро амалӣ менамояд. Ба хотири дастгирӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва илмӣ аз ҷониби давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, номинаҳо барои ворид намудан ба феҳристҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО, инчунин Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО пешниҳод мегарданд, ки он имконияти хуби муаррифии фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. 31 июли соли 2010 бо қарори ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО мавзеи «Саразм» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин рӯйдод яке аз муҳимтарин пешрафт ва комёбӣ дар фаъолияти Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад»,- афзуд котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон .

Ба андешаи номбурда, имрӯз ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, ёдгориҳои меъмории Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфти «Хазинаи Амударё» аз ҳудуди шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғайраҳо ҳамчун нобиғаҳои нодири мероси фарҳангӣ аз ҷониби ҷаҳон эътироф гардидаанд.

-Муаррифии фарҳанги тоҷик ва эътироф гардидани он аз ҷониби ҷаҳониён барои ҳар сокини мамлакат ифтихори бузург аст. Зеро ҳифзу нигаҳдошт, истифодаи дурусти мероси таърихию фарҳангии мамлакат баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад, -мегӯяд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки дар Сессияи 92-юми Созмони ЮНЕСКО 11 ноябри соли 2003 мусиқии «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният ва қуллаи баландтарини мусиқии суннатии тоҷикон шинохта шуда, ҷашни аҷдодиамон-Наврӯзи хуҷаста мақоми байналмилалӣ гирифт, аввалин ёдгории таърихии Тоҷикистон «Саразм» ба Рӯйхати муҷассамаҳои Мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ва  Боғи миллии Тоҷикистон ба феҳристи Мероси умумиҷаҳонӣ ворид шуданд.

Зулфия Бурҳон иброз намуд, ки  «имсол номинаҳои муштараки  «Кирмакпарварӣ» ва «Абрешимбофӣ» бо Ҷумҳурии Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон таҳия шуда, ба Кумитаи мероси фарҳангии ЮНЕСКО манзур гардидаанд».

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Мо дар Telegram