Муаллимони рус ба Қирғизистон бармегарданд

Муаллимони рус дар мактабҳои Қирғизистон тадриси пурраи рӯзонаро оғоз мекунанд, менависад сомонаи Вазорати маорифи Русия.

Дар соли 2021 29 омӯзгори рус ба ҷумҳурӣ омадаанд, то ба мактаббачагони маҳаллӣ забони русӣ ва дигар фанҳоро омӯзонанд.

Муаллимон ба 23 мактаби қирғиз ба кор рафта, аз фанҳои русӣ, адабиёт, математика, физика дарс мегӯянд.

Лоиҳаи «Муаллими Русия дар хориҷа» як қисми кори ҳамаҷониба барои баланд бардоштани сифати таълими забони русӣ дар дигар кишварҳо мебошад.

Вазири маориф Сергей Кравтсов қайд кард, ки ҷуғрофияи лоиҳа мунтазам васеъ ва талабот ба он зиёд шуда истодааст, аз ин рӯ корҳо оид ба таҳияи он ба нақша гирифта шудаанд.

Муаллимони рус дар Муғулистон, Ветнам ва Сербия низ дарс медиҳанд. Аксари мутахассисон ба Тоҷикистон фиристода шуданд — 50 муаллим ба кишвар омаданд.

Мо дар Telegram