Модар баҳор бӯи ту дорад

 

Ҷашни “Рӯзи Модар” дар аввали фасли баҳори нозанин рост меояд. Имрӯз занону модарони тоҷик дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа софдилона кор ва фаъолият намуда, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон баҳри рушди давлати демократию дунявӣ саҳми босазои худро мегузоранд.

Ҳамин аст, ки бахшида ба ин рӯзи хуҷаста кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” вохӯрии хонандагонро бо фаъолзанони собиқадори соҳаи фарҳанги ш. Кӯлоб дар мавзӯи «Нурбахши зиндагонӣ модар аст» дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд.

Чорабинии идонаро дирктори Муассиса Обидзода Саймуҳаммад Рустам ифтитоҳ намуда, ҳамаи бонувон ва модарони азизро ба “Рузи модарон” 8-уми март, зиндашавии табиат ва ба омад – омади баҳори нозанин табрику таҳният намуд.

Дар чорабинӣ собиқадори соҳаи фарҳанг, дорандаи медали Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ директори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ш.Кӯлоб Ҷумаева Моҳбону, Шоева Дилноза — мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуда иброз намуданд, ки чи қадаре Зан-Модарро сано гуфта бошем, ҳамоно кам аст. Ба ин хотир бигузор модарони мо ҳамеша шоду хандон бошанду дар таълиму тарбияи насли оянда муваффақ гардида, фарзандони бонангу номус ва шоистаи давру замонро тарбия намоянд.

Дар рафти чорабинӣ аъзоёни маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва курсантони Коллеҷи милитсияи ВК ҶТ дар шаҳри Кӯлоб бо кироати шеъру тарона, савту суруди дилнишин хотири меҳмононро шод гардониданд. Ҳамзамон дар ин рӯзи фирӯз тамоми китобдорон, меҳмонон ва хонандагони фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи маъмурияти Китобхона сарфароз гардонида шуданд.

Абдулҳакимзода Саодат
корманди Муассисаи давлатии
«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»

Мо дар Telegram