Мо калон шуда, бовариро гум кардем

Мо калон шуда, бовариро гум кардем

Аз рӯзи душанбе ба ҳаёти нав шурӯъ мекунам ё аз сари моҳ дигар мешавам: барвақт мехезам, намоз мехонам, ба варзиш машғул мешавам, китоб мехонам, сигоркашию носкаширо мепартоям, хӯрокҳои серравған намехӯрам, ба ниёзмандону бечорагон дасти ёрӣ дароз мекунам, ҳақорат намекунам … ва ҳазорҳо орзуи дигар.

Чунин гуфтаҳо ба Шумо шиносанд?

Агар хуб таҳлил кунем, мо аз айёми кӯдакӣ чунинем. Кӯдак будем ҳазорҳо орзуву ҳавасҳо доштем: калон шавам ин хел мешавам, калон шавам он хел мешавам. Оҳиста калон шуда, якто -якто орзую ҳавасҳо ҳам гум шуданд. Чунон танбал шудаем, ки ҳатто худро бад мебинем. Симои Худододро иваз кардан мехоҳем. Ҳаётамон якранг аст: кор -хона, кор -хона…

Мо калон шуда, бовариро гум кардаем. Чунон тарсончак шудаем, ки ҳатто аз сухани росту ҳақ гуфтан метарсем. Дар як ҷумла 10 маротиба қасам мехӯрем. Моро ягон кас ҳурмату эҳтиром намекунад, ин айби худи мост. Агар ман, шумо ё каси дигар сухан кунад, сиёсати дунё тағйир намеёбад. Нолиш карда, аз сиёсат норозӣ шуда, аз ҳаёти хеш менолем. Диламон аз зиндагӣ хунук шудааст. Сухани ман, шумо ё каси дигар ягон эътиборе надорад. Шумо худатон хуб дарк кардед ё не?

Медонед, сухани мо мисли «мусор» (партов) аст, боз беҳуда гап зада мегардем? 90 %-и одамон бо чунин ҳолу аҳвол мурда мераванд, на ягон коре кунанду на ягон кореро иваз кунанд. Нафъашон ба ягон ҷо намерасад. Бештари одамон боз маънои ҳаётро пурра дарк накарда, аз ин дунё меравад. Агар 50- 60 солро хуб таҳлил кунам, одамони накӯному бузурги таъсиррасон ангуштшумор баромаданд.

Дар ботини ҳар кас як қаҳрамоне хоб рафтааст. Қаҳрамоне, ки дохили Шумо хоб аст, бедор мекунед ё не, ин кори Шумост. Ҳама кор аз худи инсон вобаста аст. Одам муҳиташро худаш месозад, боз нолиш карда то охири умр мегардад. Шумо иваз шавед, муҳит бо роҳи автоматӣ иваз мешавад. Муҳандис мешудагиам Шумо , як муҳоҷири кӯчарӯб мешудагиам Шумо . Оянда дар як офиси зебою тоза кор кардан мехоҳед ё ифлосиҳои ҳамин русҳоро тоза карда мегардед? Интихоб дар дасти Шумост . Нагӯед, ки барои хондан пул надорам ё барои ба кори хуб даромадан «тағо» надорам. Барои хондан ҳар сол ҳазорҳо «квота» ҷудо мешавад, агар мутахассиси хуб бошед, Шуморо ҳатман худашон ёфта мегиранд. Гирду атрофатон пур аз имкониятҳост, аммо Шумо нолиш карда хоб меравед. Шумо чунон бемаърифат ҳастед, ки ҳатто бехато бо забони модарии хеш ҳарф зада наметавонед, акнун навиштану имло яктараф истад. Чанд забони хориҷиро медонед? Мо бо ном мусулмонем. Аз рӯйи виҷдон гӯед, Шумо китоби Қуръонро пурра хонда, маънояшро пурра фаҳмидаед? Баъзеҳо Қуръонхонӣ як тараф истад, дуруст таҳорат карда наметавонанд. Ин чизҳои оддӣ аст, дӯстам. Ман оиди одобу ахлоқ гап намезанам.

Барои бадани зебову обутобёфта ба варзишгоҳ рафтан даркор аст, барои хондан пул даркор аст, барои ба кори хуб даромадан «тағо» даркор аст… ва ҳоказо баҳона намешавад, агар шумо дар ҳақиқат он чизро хоҳеду аз таҳти дил меҳнат кунед, ҳатман муваффақ мешавед. Ман боварии комил дорам, ки Шумо дар зиндагӣ муваффақу комёб мешавед ва ҳама шуморо орзуву ҳавас карда, бо Шумо ифтихор мекунанд…

Ба пеш дӯстам, ҳаракат бикун! Тарзи фикррониатро иваз бикун ва ба оянда бо чашми нек бингар. Ту танҳо ҳаракат бикун, роҳҳо худашон кушода мешаванд. Ман боварӣ дорам, ки ту одами Бузурге мешавӣ…

Мо дар Telegram