Миллатгарои дар Руссия

Миллатгарои дар Руссия

Тӯли 5 соле, ки дар Маскав зиндагӣ мекунам, танҳо 3 маротиба бо миллатгароён вохӯрдам. Ҳамаи ҳодисаҳо фаромӯшнашаванда буд, аммо имрӯз каме аз яктояш нақл мекунам.

Соат аз 23.30 гузашта буд, ман бо ду бародар дар турники як майдончае машқ мекардам. Нохост, ду ҷавони русе пайдо шуда омад, гирду атроф хомӯш буд. Онҳо дарк карданд, ки мо хориҷиёнем. Яктоаш сари кал дошту яктояш муи паст, сари калдошта ба худ боварии комил дошту яктои дигар каме тарс. Ҳангоми сӯҳбат ҳаракат мекард, ки мо оташин шавему кор ба ҷанг гузарад. Ду бародарам бачаҳои хеле оромтабиатанд, аммо ман дар ягон ҷо хомӯш намешинам. Онҳо моро ба як кунҷе даъват карданд, то маслиҳат карда бошему оянда шояд футболбозӣ кунем. Гузаштем ба пушти панҷараи майдонча, онҳо омодаи задан будан ё дуздӣ ё талаби пул танҳо худашон медонанду Худо. Сумкаамро аз китф гитаму ба дӯстонам додам, яктои оне, ки тарс дошт фарқ кард, ки ман омода шуда истодаам. Ба дӯстонам бо забони тоҷикӣ гуфтам, ки оҳиста дуртар истед, ман ҳозир мезанам. Пойҳоямро ба ҷойи хуб гузоштам, ҷойи истро мустаҳкам кардам, дастонамро дароз карда, дастонашро қапидаму ба худ кашола кардам…

«Э, друзья вы что, если что я не с ним.» — гуфту 3 қадам оқиб монд, дӯсти тарсончакаш.
«Ты что хочешь? Что надо? Че много болтаешь ?» — гуфтаму омодаи задан будам, аммо дар сар ҳархел фикрҳо «Назан, туро аз донишгоҳ хориҷ мекунад, шояд аз Руссия хориҷ кунад?» чарх мезаданд. Шайтон гуфта истодааст :» Зан, то мурданаш кув, дигар ин корашро намекунад… » Боз фикри тарс омад :» Шояд, ҳозир дигараш кордро гираду занад?».
Гапро дигар ҷо бурд, ба фикрам тарсид. «Вы спортсмены, да?» — гуфту ба турниккашӣ даъват кард ва аз миллатамон пурсон шуд. Гуфтам тоҷик. Гуфт:» Ҳа, одамони нағз, аммо ман ӯзбеконро бад мебинам.Хайр мо рафтем»-гуфту рафт. Шояд ба мо омад карда бошад. Намедонам.

Муҳоҷирони азиз, баъди соати 21.00 ба кӯча набароед, ё дар ҷойҳои беодам танҳо нагардед, инҳо ваҳшианд, чанд нафарро то ҳол кушта бошанд? Бештар онҳо дар вилоятҳои Маскав, дар тарафҳои Мытищи, Пушкино ва Сергей Пасад мегарданд. Пушкино ҷойи хатарноктарин. Онҳо 2-3 нафар бошанд, каме метарсанд, агар аз 3 нафар зиёд бошанд, ҳатман «Дух» пайдо мекунанд. Худро эҳтиёт кунед. Дар хонаи гарми худ шинед.

Автор: Ҳабибаллоҳ Исмоилов

Мо дар Telegram