Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар чемпионати Осиё оид ба гуштинҳои юнони-румии

Дар чемпионати Осиё оид ба гуштинҳои юнони-румии дар шаҳри Алмаато баргузор гардида, паҳлавони Тоҷикистон барандаи медали нуқра гардид, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии кишвар.

Далер Ризозода дар вазни 77 кг қувваозимӣ намуда дар даври ниҳоӣ бо сабаби ҷароҳат бардоштан аз иштирок даст кашид, ҳамин тариқ соҳиби медали нуқра гардид.

То даври финалӣ Далер бо Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманистонӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Дамеу Жадраев пирӯз шуд.

Дигар намояндагони Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар вазни 55 кг ва Тоҳирҷон Охунов дар вазни 87 кг ҷойи панҷумро ишғол намудан.

Қувваозмоиҳо дар дигар вазнҳо идома доранд.

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар чемпионати Осиё оид ба гуштинҳои юнони-румии

Баргузории Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе

Мо дар Telegram