Мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон фаро расид

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи хизмати ҳарбиро ба имзо расониданд. Фармон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мебошад, имзо шудааст.

Ҷавононе, ки дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 ҷавононе, ки ба синни 18 расидаанд ва мардони синну солашон ба 27 нарасидааст ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Бояд қайд кунем, ки дар охири моҳи январ тағйирот ба қонун оид ба адои хизмати ҳарбӣ ворид карда шуд. Акнун шахсоне, ки мехоҳанд зудтар билети ҳарбӣ гиранд, бояд маблағе ба буҷаи давлат супоранд ва дар ин сурат муддати як моҳ адои вазифа мекунанд. Шахсони мактабҳои олиро хатм намудаанд 1 сол хизмат мекунанд. Шахсоне, ки мехоҳанд ба дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентии короупсия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба кор дароянд, бидуни билети ҳарбӣ қабул карда намешаванд.
Мо дар Telegram