«Матбуоти даврӣ: мушкилот ва дурнамо». Таҳти чунин унвон дар ДМТ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил шуд

12.03.21.3109 сол муқаддам, яъне 11 марти соли 1912 шумораи аввали нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз нашр баромад ва минбаъд ин сана ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола дар қаламрави мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Матбуот ва ВАО  дар замони муосир ҳамчун самти муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими рисолати миллии давлатдорӣ нақши беандоза доранд.  Имрӯз ин неруи азим ва бузурги иттилоотӣ ҷиҳати ба қишрҳои гуногуни ҷомеа расонидани маълумоти зарурӣ, ахбору навгониҳо ва ба ин восита мусоидат  намудан дар тарбияи ахлоқии ҷомеа, ташвиқу тарғиби анъанаҳои миллӣ, фарҳангию тарърихӣ ва махсусан тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд.

Ин матлабро имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода  зимни ифтитоҳи ҳамоиш бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) баргузор гардид, баён дошт.

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори ДМТ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Матбуоти даврӣ: мушкилот ва дурнамо» сурат гирифта, дар он  ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода, мушовири Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Шодон Шарифзода, сармуҳаррирони рӯзномаҳо, устодони факултети журналистика ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Қобилҷон Хушвахтзода  зикр намуд, ки «дар саргаҳи комёбиҳои имрӯзаи рӯзноманигорӣ устодони факултети журналистикаи ДМТ қарор доранд, ки дар тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи журналистикаи тоҷик саҳмгузоранд. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки хатмкунандагони риштаи рӯзноманигории донишгоҳ дар тамоми сохторҳои муҳими давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма фаъолияти пурмаҳсул намуда, баҳри ташвиқу тарғиби дастовардҳои муҳими соҳаҳои гуногуни миллӣ камари ҳиммат бастаанд. Имрӯз бо ифтихор номи садҳо нафар олимони соҳибмактаби журналистика ва бунёдгузорони ин соҳаро ёдовар шуда метавонем. Аз ҷумла, дар ин рӯз месазад, ки аз шодравонҳо Воҳид Асрорӣ, Асадулло Саъдуллоев, Баҳриддин Камолиддинов, Пайванди Гулмуродзода, Абдусаттор Нуралиев ва Абдувалӣ Давронов ном барем, ки ному пайкорашон пайваста вирди забони шогирдон мебошад».

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода зикр дошт, ки «воситаҳои ахбори омма яке аз василаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа буда, нақши он дар рушди мамлакат ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Бахусус, дар соли равон, ки 30-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат таҷлил мегардад.

Мавсуф иброз намуд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи рӯзноманигорӣ мушкилот ба чашм мерасиданд. Бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва фароҳам овардани заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ин соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 191 адад рӯзномаву маҷалла чоп мегардид, ин шумора имрӯз ба 621 адад расидааст, ки аз ин теъдод 395 адади он  ҷамъиятиву хусусӣ мебошанд. Агар дар аввали соҳибистиқлолӣ як агентӣ фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 11 адад расидааст, ки 10-тои он ғайридавлатӣ мебошанд.  Агар дар замони Шӯравӣ дар қаламрави мамлакат 1 шабакаи телевизону 1 радио фаъолият мекард, имрӯз зиёда аз 50 шабакаҳои радио ва телевизионӣ амал мекунанд, ки 28-тои он хусусӣ мебошад. Дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат ду шабакаи телевизионӣ-  «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият оғоз менамоянд. Дар ҷомеаи демократӣ матбуот воситаи асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа буда, нақши он баҳри расонидани иттилооти воқеӣ, раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ Мурод Муродӣ доир ба «Матбуоти даврӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» маърӯза намуда зикр дошт, ки «Рӯзи матбуоти тоҷик аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» таҷлил мегардад,  ки он имсол 109- сола шуд. Имрӯз матбуоти даврӣ ба як пири хирадманде табдил гардидааст, ки таҷрибаи хеле бою ғанӣ, сабақҳои хеле хуби касбӣ дошта, давраҳои хуберо аз сар гузаронидааст. Дар марҳилаҳои гуногуни инкишоф барои ин ҷомеа, ин мардум ва ин замон хизматҳои арзандае намудааст, ки меарзад имрӯз аз ин ҷиҳатҳо ёд кунем.

«Матбуотро метавон як пораи таърихи миллат номид. Аз ин маънӣ рӯзномаҳое, чун «Бухорои шариф», «Овози тоҷик», «Шӯълаи инқилоб» дар саргаҳи омӯзиши таърихшиносон қарор гирифтаву дар шинохти саҳифаҳои норавшани таърихи халқамон нақши муҳим гузоштаанд. Имрӯз дар замони илму техника ва рушди васоити электронӣ матбуот низ аз байн нарафт ва рисолаташро бой надод»,- гуфт Мурод Муродӣ.

Мавсуф зикр намуд, ки барои тарбия намудани мутахассисони ҷавон бояд ба се омил эътибор дода шавад: Маърифати техникӣ-имрӯз фаъолияти ВАО ва махсусан матбуотро бидуни маърифати техникӣ наметавон тасаввур кард. Мафкуравӣ- имрӯз муборизаҳои иттилоотӣ шиддат гирифтаанд, баҳсу мунозираҳи иҷтимоӣ ва байналмилалӣ бештар гардидаанд. Аз ин рӯ аз мо тақозо мешавад, ки манфиатҳои миллиро ҳимоя намоем, арзишҳои фарҳангиро муаррифӣ созем, мардумро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия созем.   Забондонӣ- ин омил барои тамоми рӯзноманигорони ВАО ва матбуот шарт ва зарур аст. Зеро хонандаи рӯзномаи тоҷик на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз ҷумҳурӣ низ ҳаст.

Ҳамчунин аз ҷониби иштирокчиён зикр гардид, ки вазъи ҷаҳони муосир тақозо дорад, ки ҳамаи мо, новобаста аз самти фаъолияти касбиамон ба хотири таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, амнияту осоиштагӣ, пойдории давлату ҷомеа масъулияти бештар эҳсос намоем. Дар раванди ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии воситаҳои ахбори омма- ин баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ ва рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии тоҷикистониён мебошад. Матбуот чун инъикосгари манфиатҳои давлат бояд воситае бошад байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа, чунки он ба ҳайси оинаи миллат дар баррасиву муаррифии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва қодир аст бо сухани созандаву саривақтӣ ва саҳеҳу нишонрас рисолати худро дар назди халқу ватан сарбаландона иҷро намояд.

Сипас устодон ва меҳмонон аз  Осорхонаи Пешвои миллат ва Китобхонаи электронии донишгоҳ боздид ба амал оварданд.

 

АМИТ «Ховар»

Мо дар Telegram