Матбуот — инъикосгари ҳаёт

1618

Инкишоф ва рушди ҳаёти ҷамъиятии ҳеҷ як давлат ва миллатро бидуни матбуоти даврӣ тасаввур кардан ғайримкон аст. Матбуот-инъикосгари хаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию варзишии ҷомеа мебошад. Бо ташаббуси ҷадидони Бухоро аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф” 11-уми марти соли 1912 дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л.Н.Левин, воқеъ дар шаҳраки Когони Бухоро нашр гардид. Рӯзнома дар матбааи Когон бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик — тоҷир ва миллионери Бухоро Мирзо Муҳиддин Мансуров (Мансурзода) (1862 – 1934) ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публитсисти бухороӣ Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877 — 1914) чоп шуда буд. Муҳарририи рӯзнома ба уҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода (1862 — 1931), ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.
Матбуоти тоҷик роҳи тӯлонии таърихиро паси сар намуда, дар барқарорсозии Ҳукумати Шӯравӣ, солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945), солҳои барқарорсозии хоҷагии халқ, рушди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, давраи бозсозӣ (1985-1990) ва ниҳоят давраи ба даст овардани Истиклолияти давлатиро паси сар намуд.
Бахусус дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Воситаҳои ахбори омма хеле рушд намуданд. Аз соли 1959 ин ҷониб боз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон амал намуда, Ассосиатсияи воситаҳои мустақили омма, Академияи воситаҳои ахбори омма маҳз дар давраи Истиқлолият таъсис дода шуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 307-рӯзномаи даврӣ, то 200-сомонаҳои интернетии иттилоотӣ, Агентиҳои гуногуни иттилоотӣ, 7 шабакаи телевизионӣ ва 3 шабакаи радиои давлатӣ таъсис дода шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 телевизион ва радиои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 13 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 33 телевизиони хусусӣ, 22 радиои хусусӣ ва 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.
Дар аввали соли 2020 фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар пахши рақамӣ 65,8%-ро ташкил медод, то охири соли 2020 ин нишондиҳанда ба 72% расонида шуд. Фоизи фарогирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар пахши заминии ғайриодӣ (аналогӣ) чунин аст: “Телевизиони Тоҷикистон”-99,72%, “Телевизиони Сафина”-92,70%, “Баҳористон”-89,01% ва “Ҷаҳоннамо”-78,96%. Фоизи фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои давлатии радио дар мавҷи FМ -“Радиои Тоҷикистон”-88,60%, “Овози тоҷик”-57,90%, “Садои Душанбе”-65,80% ва “Фарҳанг”-59,87% мебошад.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ низ ба рушди матбуот бо ташаббуси Вазири корхои дохилӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази матбуот, Сомонаи расмии интернетӣ бо 3-забон, студияи телевизионӣ, Ҳафтаномаи « Қонун ва ҷомеа», маҷаллаи байнидавлатии «Наркофронт» амал менамоянд. Марказҳои соҳавии матбуот дар ҳамаи Раёсатҳои ВКД таъсис дода шуда, дар Акдемияи ВКД рӯзномаи «Набзи милитсия» нашр мегардад, ки ҳаёти курсантону омӯзгоронро инъикос менамояд. Ҳамаи ин дастовардҳо шаҳодати он мебошад, ки ВОА дар эъмори давлати ҳукуқбунёду демократӣ, арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ нақши бориз доранд.

Асламов Б.С., Мусоев Ш.Ҳ.

 

Мо дар Telegram