Масоили дарҷаи интеллектуалӣ ва ташаккули он барои наслхои оянда

541Мақолаи мазкур ба «20-солаи омӯзиши фанхои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» бахшида мешавад.

«Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26-декабри соли 2019 омадааст: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд».(1.Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26-декабри соли 2019.Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 12.03.2012).
Аз қадимулаём миллати тоҷик дараҷаи баланди зеҳнӣ(интиллектуалӣ) дошт ва онро ба наслҳои имрӯза ҳамчун арзиши гаронқадр мерос гузошт. Неруи ақлонӣ асоси пешрафти ҳар як давлату ҷомеа мебошад. Фарзандони фарзонаи точик аз қабили Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино, Абунасри Форбӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хаём, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ,Султон Умаров, Исҳокӣ Юсуф, Юсуф Носиров ва садҳо дигарон соҳиби донишҳои мукаммали энсиклопедӣ буданд. Файласуфи бузурги немис Ф.Гегел Абӯалӣ Ибни Синоро Арастуи Шарқ номида буд.Аввалин таълимотҳои диалектикӣ дар эҷодиёти Ҷалолиддини Румӣ ба назар мерсанд. Абдулқодири Бедил дар бораи чор унсури олам об, оташ, хок, хаво масъалагузорӣ менамуд. Калимаи «алгебра» — ро Муҳаммад Хоразмӣ, калимаи «медитсина»-ро Абӯалӣ Ибни Сино ба илми ҷаҳонӣ ворид намуданд, саҳеҳтарин тақвими солро аз рӯи харакати замин дар атрофи офтоб математик ва мутафаккири тоҷик Умари Хайём пешниҳод намуд. Боз чандин ихтирооте, ки маҳсуби тафаккури илмии тоҷикон буданд, то ҳол пурра тадқиқ нашудаанд. Гузаштагони мо на танхо дар илмҳои гуманитарӣ, балки дар илмҳои табиӣ, дакиқ ва риёзӣ низ дорои дараҷаи баланди зеҳнӣ буданд. Муаррихи рус Шишов А.П. дар китоби худ бо номи «Тоҷикон», ки соли 1910 дар шаҳри Тошканд нашр шуда буд, миллати тоҷикро ҳамчун зиёӣ, олим, хатот, шоиру нависанда ва қобилияти баланди эҷодидошта муаррифӣ намуда буд (2.Шишов А.П. Таджики. Ташкент,1910. Электронный ресурс:. http://www.rusneb.ru.Дата обращения 12.03.2021).Шоир ва мутафаккири немис И.Гёте ба ашъори Ҳофизи Шерозӣ баҳои баланд дода, «Девони Шарқу Ғабр»-ро эҷод намуд. Шоири рус С.Есенин аз «Шоҳнома» — и Абулқосим Фирдавсӣ илҳом мегирифт. Дар Аврупо ва ИМА ҳоло чандин пажӯҳишгоҳҳои илмӣ атрофи мероси ниёгони мо фаъолият мебаранд. Харидортарин китоб дар ИМА «Маснавии маънавӣ» — и Ҷалолиддини Румӣ маҳсуб меёбад. Файласуфи маъруфи рус А.Чанишев дар асараш «Ибтидои фалсафа» (1982) навишта буд, ки донишҳои дақиқи илмӣ ва табиатшиносӣ дар Шарқ пайдо шуда,баъдан ба Ғарб кучиданд.
Тадқиқотҳо перомуни дараҷаи зеҳнӣ дар солҳои 20-уми асри 20 дар ИМА шурӯъ гардиданд.Мафҳуми интиллекетро антропологи англис Фрэнсис Галтон (1822-1911) ба илм ворид намуд. Мафҳуми дараҷаи IQ-ро психологи немис В.Штерн (1871-1936) ба илм ворид кард.Психологи немис Г.Айзенк (1916-1997) чандин вариантҳои тестҳои онро пешниҳод намуд, ки то ҳоло дар ҷахон маълум буда, аз он ба таври васеъ барои муайян намудани дарҷаи зеҳнӣ истифода менамоянд. Аввалин бор профессори Донишгоҳи Стэндфорди ИМА Л.Терман (1877-1956) дар 1500 хонандагон тадқиқот гузаронида онҳое, ки дараҷаи интеллектуалии аз 140 хол боло гирифта буданд, ба гурӯҳи алоҳида ҷудо намуд. Бисёре аз ин хонандагон оянда дар ҳаёт пайроҳаи худро дарёфта муваффак гаштанд, яке аз онҳо нависандаи машҳури америкоӣ Ҷесс Оппенгеймер (1913-1988) буд, ки аз рӯи асархои ӯ филмҳои сердаромад ба навор мегирифтанд.На ҳамаи аъзоёни ин гурӯҳ муваффақ шуданд, қисме аз онҳо ба корҳои одди ронандагӣ, тоҷирӣ гузаштанд. Ҳатто ҳолатҳое ба қайд гирифта шуд, ки аз байни онҳо мутаасифона ҷинояткорону майзадагон низ баромаданд. Ба ақидаи психологҳо шахсоне, ки аз уҳдаи супоридани тестхои ақлонӣ мегузаранд, баъзан худпараст шуда, яктрафа андешаронӣ менамоянд.Профессори Донишгоҳи Ватерлоои Канада И.Гросман менависад, ки инсон донишро барои сохиби ҳикмат шудан мегирад. Ҳеҷ гоҳ қобилиятҳо баробар шуда наметавонанд. Дараҷаи ақлонӣ ва ҳикмат хусусияти табиӣ-ирсӣ дорад(3.Проблемы высокого IQ.Электронный ресурс: Электронный ресурс: Блог4brain. http://www. 4brain.Дата обращения 12.03.2021).
Асосан дар илм 4 намудҳои асосии дараҷаи ақлониро муайян намудаанд:
1.Интиллекти зеҳнӣ- IQ;
2.Интелекти руҳонӣ- SQ;
3.Интиллекти эмотсионалӣ –EQ;
4.Интиллекти ҷисмонӣ –PIQ.
Ҷадвал ва тести муайнкунии дараҷаи IQ-ро Г. Айзенк пешниҳод намуд, ки аз 0 то 150 холро дар бар мегирифт ( нигаред ба Манбаъи электронии http://www.brainapps.ru).
Аз 110 хол боло интиллекти баланд;
Аз 90 то110 интиллекти миёна;
Аз 60 поён интиллекти паст (4. Интеллект, виды и уровень интеллекта. Электронный ресурс: http://www.vertclin.ru. Дата обращения 12.03.2021)
Аз рӯи қобилиятҳои шахсӣ интиллектро ба якчанд намудҳои дигар низ ҷудо менамоянд:
1.Табиӣ: дар соҳаи табиатшиносӣ;
2.Мусиқавӣ: дар соҳаи санъати мусиқӣ;
3.Мантиқӣ-математикӣ: олимон,кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
3.Лингвистӣ: дар соҳаи журналистика,адабиёт,фаъолияти ҷамъиятӣ;
5.Фазоӣ:ҳавонаврдон,баҳрнавардон,меъморон,рассомону ҳайкалтарошон;
6.Шахсӣ: худмаърифатӣ, аз ҳолатҳои душвор мустақилона ба осонӣ баромада тавонистан;
7.Ҷисмӣ — кинетикӣ: Раққосон ва ҳунармандони жанрҳои амалӣ;
8.Экзистентсионалӣ: дарки мазмуни ҳаёт, пешниҳодкунандаи назарияҳои гуногуни ҳаёт;
9.Байнишахсӣ: омӯзгорон, сиёсатмадорон, кормандони иҷтимоӣ (5.Названы 13 высокого интеллекта. Электронный ресурс: www.mir-Logi.ru. Дата обращения 12.03.2021).
Тадқиқотчиёни Донишгоҳи Улм дар Олмон муайян намуданд, ки 50% интиллект аз ирсият (генетика) вобастагӣ дорад. Дар баробари ин назарияҳои иҷтимоии ташаккули дараҷаи зеҳнӣ вуҷуд доранд.
Машҳуртарин шахсиятҳои IQ-и баландошта инҳоянд:
Теренс Тао, математики австралиягӣ- IQ 210;
Кристофер Майкл Хирта,коргардони америкоӣ- IQ 210;
Ким Унг- Йонг,математки Кореяи Ҷанубӣ- IQ 210;
Гарри Каспаров,шоҳмотбози Россия- IQ 190;
Алберт Эйнштейн,физики немис- IQ 190;
Энрю Уайлс,математики анлис- IQ 190;
Бил Гейтс,соҳибкори америкоӣ- IQ 160;
Стивен Хокинг, физик ва математики англис — IQ 160(6.Высокий интеллект: признаки, способы, развития, советы. Электронный ресурс: www.psychboak.ru. Дата обращения 12.03.2021).
Мутаасифона на ҳама барандагони Ҷозаи Нобел IQ-и баланд доранд, дараҷаи IQ дорои хусусиятҳои психологии зерин мебошад: зуд ҳал кардани масъала, кунҷковӣ, кобилияти таҳлилӣ, қобилияти эҷодкорӣ, тафаккури мантиқӣ,кобилияти зоҳирӣ. Ба назари олимони психология тадқиқотҳо оид ба фаъолияти нимкураҳои калони майнаи сари инсон ба таҳаввулот дучор гардиданд, ки ба қобилият ва IQ вобастагӣ доштанд.То тадқиқоти барандаи ҷоизаи Нобел, физиолог ва нейропсихологи америкоӣ Роҷер Сперри (1913-1994) чунин андеша мавҷуд буд, ки нимкураи чапи майнаи сар функсияи тафаккури мантиқӣ, нутқ, қобилияти математикиро доро буда, нимкураи рост қобилияти дарки фазо, тахаюли бадеӣ, мусиқӣ, эмотсияҳо ва орзупарастиро дар одамон ташаккул медиҳад. Олими Донишгоҳи Ютаи ИМА Ҷ.Андерсон қобилиятҳои фарқкунандаи функсияҳои нимкурахои майнаи инсонро бори дигар дар асоси таълимоти Роҷер Сперри тадқиқ намуда намуда, изҳор дошт, ки нимкураҳои майнаи сари инсон баробар фаъолият менамоянд(7.Американский ученный опроверг миф деление мозга на логическое и эмоциональное полушарие. День.org.Интернет — газета. Электронный ресурс: www.day.org.ru. Дата обращения 13.03.2021).
Дар панҷгонаи IQ-и баланд кишварҳои Гонконг (IQ 107), Кореяи Ҷанубӣ (IQ 106), Япония (IQ 105), Тайван (IQ 104), Сингапур (IQ 103) меистанд. Хитой дар ҷои 15-ум (IQ 100), ИМА дар ҷои 20-ум (IQ 98), Россия дар ҷои 33-юм (IQ 96) қарор доранд (8. IQ рейтинг по странам. Электронный ресурс: www.brainapp.ru. Дата обращения 13.03.2021).
Хулоса, тамоми тадбирҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузории васеъ ва дастгирии давлатии густариши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ баҳри баланд бардоштани коэффитсенти интеллект ва боигарии зеҳнии миллат равона шуда, дар баланд бардоштани дараҷаи зеҳнии насли ояндаи кишвар ва рушди илму фановарии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Асламов Б.С.,Сатторзода А.С.,Рустамзода З.Р.

Адабиёт:
1.Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26-декабри соли 2019.Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 12.03.2012.
2.Шишов А.П. Таджики. Ташкент, 1910. Электронный ресурс:. http://www.rusneb.ru.Дата обращения 12.03.2021.
3.Проблемы высокого IQ.Электронный ресурс: Блог4brain. http://www. 4brain.Дата обращения 12.03.2021.
4. Интеллект, виды и уровень интеллекта. Электронный ресурс: http://www.vertclin.ru. Дата обращения 12.03.2021.
5.Названы 13 высокого интеллекта. Электронный ресурс: www.mir-Logi.ru. Дата обращения 12.03.2021.
6.Высокий интеллект: признаки, способы, развития, советы. Электронный ресурс: www.psychboak.ru. Дата обращения 12.03.2021.
7.Американский ученный опроверг миф деление мозга на логическое и эмоциональное полушарие. День.org.Интернет — газета. Электронный ресурс: www.day.org.ru. Дата обращения 13.03.2021.
8. IQ рейтинг по странам. Электронный ресурс: www.brainapps.ru. Дата обращения 13.03.2021.
9.Тест на IQ Айзенка – это 40 вопросов разной сложности, ответить на которые необходимо в течение 30 минут. Электронный ресурс: www.brainapps.ru. Дата обращения 13.03.2021.Пройти тест.

Мо дар Telegram