Машварати кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Сатториён дар Вазорати фарҳанг

Машварати кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Сатториён дар Вазорати фарҳангБо мақсади рушди минбаъдаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа, инчунин дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», таҷлили Рӯзи Модар ва даври ҷамъбастии фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» 24 феврали соли 2021 дар Вазорати фарҳанг муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, саноат ва техналогияҳои нав, кумитаҳои телевизион ва радио, занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, иттифоқҳои эҷодӣ ва муассисаҳои таълимии соҳаи санъат машварати корӣ доир намуд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баррасӣ гардида, муовини Сарвазири таъкид намуд, ки Пешвои миллат, дар сиёсати фарҳангпарваронаи худ таваҷҷуҳи асосиро ба таҳкими бунёди маънавии ҷомеа ва боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ зоҳир намуда, чун роҳнамои оқили миллат тавонистааст, ки фарҳангро ба як омили таҳкимбахши ваҳдату ҳамдигарфаҳмии ҳамватанон табдил диҳад. Таъкид шуд, ки озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, далели таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба ин ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ мебошад.

Ҳамзамон, ҷиҳати фароҳам овардани шароит баҳри дар сатҳи баланди тадорукотиву эҷодӣ доир гардидани озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2021, таҷлили Рӯзи Модар ва даври ҷамъбастии фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин, бобати омодагии ҳамаҷонибаи аҳли эҷод ва тамоми мақомотҳо ба таҷлили чорабинии муҳими сиёсиву таърихӣ – 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби дастовардҳо, баланд бардоштани нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа дастурҳои иловагӣ дода шуд.

Мо дар Telegram