Машварати корӣ ва натиҷагирии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар шаҳри Душанбе

1029

Рӯзи 6-уми феврали соли равон, дар толори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе машваратӣ корӣ аз натиҷагирии нақша- чорабиниҳои гузаштаи соли 2020 баргузор гардид.
Дар машварати корӣ, масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши Раёсат, директорони муассисаҳои варзишӣ ва мудирони бахши ҷавонони Муассисаҳои олии касбӣ иштирок доштанд.
Зимнан, бояд қайд кард, ки дар машварат масъалаҳои саривақт иҷро намудани дастурҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки 5-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, натиҷагирӣ карда шуд.

1030

Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ бо омодагиҳои ҳамаҷониба баргузор намудани чорабиниҳои дар пешистода ва Фестивали навбатӣ, ки дар се марҳила баргузор мегардад, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

“Шӯрои Ҷавонон”-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо дар Telegram