Машғулияти омӯзишӣ байни курсантони факултетҳои №5 ва №6 дар мавзӯи “Хатари экстремизми иттилоотӣ ва роҳҳои пешгирии он”

553

Замони ҳозираро бе истифодаи васеи технологияҳои компютерӣ (IТ-техноллогияҳо) дар ҳамаи бахшҳои кору рӯзгор тасаввур кардан ғайриимкон аст: бе онҳо мо худро чун бе дасту по эҳсос менамоем. Бидуни телефони мобилӣ як қадам пеш рафта намешавад, агар маблағи истифодаи телефонҳоро супоридан хоҳед бояд аз хидмати терминалҳо истифода баред. Дар соҳаи маориф бе компютер ба натиҷаи хубе ноил шудан ғайриимкон аст. Агар соҳаи алоқаю иртибот, санъату ҳунар ва воситаҳои ахбори оммаро гирем — ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳатто дар иҷрои корҳои таҷдид ва нигаҳдории мероси таърихию фарҳангӣ низ имрӯз аз технологяҳои навтарин истифода бояд кард.
Вале пайдоиши ҳама гуна технологияҳои нав, чун қоида ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро доро мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор доштанд, ки «имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён овардааст».
Бояд гуфт, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Онҳо бештар ба ифротгароии иттилоотӣ даст мезананд.
Рӯзи 5-уми апрели соли равон дар маҷлисгоҳи факултети №3, вохӯрии сардори факултети №5, майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло, сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ., инчунин Раиси Шӯрои ҷавонони Академия, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳ.Т., ва сардори курси факултети №5, лейтенанти калони милитсия Хуҷаназарзода Ф., бо курсантони факултетҳои №5 ва №6 сурат гирифт.
Вохӯрии мазкурро сардори факултети №5, майори милитсия Нуруллозода М., ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошад.
Василаи асосии чунин фаъолияти тахрибгарона имкониятҳои нави воситаҳои интиқоли иттилоот ва технологияи иттилоотӣ арзёбӣ мегардад. Ифротгароии иттилоотӣ асосан аз тариқи Интернет сурат мегирад. Ба ибораи дигар, ғояҳои ифротгароию террористӣ ба воситаи Интернет, шабакаҳои иҷтимоии мухталиф ба объекти мавриди назар, аз ҷумла ҷавонон расонида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки ба фарқ аз амалҳои террористии ошкоро (инфиҷор, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, қатли мансабдорон ва ғайра) ифротгароии иттилоотӣ ба таври ноаён таъсир мерасонад ва муайян кардани манбаи он номумкин аст. Бинобар ин, аксарияти ҷавонон, ки ба Интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ алоқамандӣ доранд, бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ба доми субъектҳои ифротгарои иттилоотӣ афтиданашонро нафаҳмида мемонанд. Пиёдакунандагони ғояҳои ифротгароии иттилоотӣ бо истифода аз технологияҳо ё абзори мухталифи ҷолиб (саволу ҷавоб, бозиҳои мухталиф ва ғайра) ба тадриҷ мағзи ҷавононро ҷалб ва идора мекунанд. Дар қатори маводи пешакии ҷолиб ё ҷаззоб ғояҳои ифротгароиро ба ҷавонон талқин менамоянд.
Баъди суханрониҳои Нуруллозода М., сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ., баромад намуда, қайд намуданд, ки ҷавонони таҳти таъсири ифротгароии иттилоотӣ қарор гирифта, хориҷ аз ихтиёри худ ба иҷрои супоришҳои аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет додашаванда даст ба амалҳои террористӣ мезанад. Дар натиҷа як нафар, ки аз рӯи ангезаҳои ифротӣ амал мекунад, метавонад аз рӯи миқёс нисбат ба гурӯҳҳои аз ҳама сершумори террористӣ харобии бештар ба ҷомеа расонад.
Ифротгароии иттилоотӣ дар баробари рушди технологияи иттилоотӣ такомул меёбад. Ин шакли ифротгароӣ, мутаассифона, ояндаи худро дорад. Яъне имкониятҳои эҳтимолии он маълум аст ва онҳо номаҳдуданд.
Ҳадафи асосии он заиф ва вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Ҷавонон — объекти асосии таъсиррасон ба ҳисоб мераванд, зеро дар марҳилаи кунунӣ онҳо неруи созанда ва офарандаи мамлакат маҳсуб мешаванд. Аз ин лиҳоз, ифротгароии иттилоотӣ дар талоши он аст, ки тавассути идоракунии мағзи ҷавонон тамоми ҷомеаро фаро гирад.

554

Ин як хатари ҷиддӣ мебошад. Ҷавонону волидайнашон ин хатарро бояд хуб дарк карда, барои пешгирӣ аз ифротгароии иттилоотӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Баъди суханрониҳои Ҳусейнзода С.Ҳ., Раиси Шӯрои ҷавонони Академия, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳ.Т., баромад намуда, қайд намуданд, ки имрӯзҳо насли ҷавон пойбанди интернету шабакаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Ҷавонон ҳарчӣ бештар вақти худро дар назди телефон ва компютер сипарӣ мекунанд ва ба ҷаҳони маҷозӣ нисбат ба воқеият афзалият медиҳанд. Дар интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бе зикри ном ё бо номи мустаор (тахаллус) дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда имрӯз мавриди истифодаи террористону ифротиён қарор доранд. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо тарафдорони нав ҷалб карда, ғояҳои ифротгароиро таблиғ менамоянд.
Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст. Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ шакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои нав таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар зимн, онҳо аз озодии сухан суиистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад. Тафовут дар қонунгузории миллӣ низ монеаи ҷиддӣ дар ин роҳ аст. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрӯз проблемаи терроризм дар интернет ба як мавзӯи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ, ҷавонон ва падару модарони онҳо, ҳар як аъзои солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки аз дастовардҳои замони муосир самаранок истифода бурда, фарзандон ва насли ҷавонро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Бояд қайд намуд, ки доирнамоии чунин вохӯриҳо ба болоравии донишу маҳорат ва маърифати ҷавонон аз он ҷумла, курсантдухтарони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад кард.

“Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД

Мо дар Telegram