Машғулиятҳо барои афсарони Раёсати КҲФ дар Суғд

Машғулиятҳо барои афсарони Раёсати КҲФ дар Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи  омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе,  баҳри иҷрои бандҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030» инчунин бо мақсади такмилу бозомӯзии самти тайёрӣ ва омӯзиши аҳолӣ ба ҳолати фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо афсарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷамъомади таълимӣ-методӣ баргузор гардид.

Дар оғози машғулиятҳо муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Анварҷон Қосимов ба созмондиҳандагони машғулиятҳо изҳори миннатдорӣ кард ва таъкид намуд, ки афсарон дар дарсҳо фаъолона ширкат намуда, аз мутахассисони барои гузаронидани давраи омӯзишии мазкур сафарбар шуда, самаранок истифода бурда, баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии худ кӯшиш намоянд. 

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҷамъомади таълимӣ-методӣ подполковник Маҳмадтоҳир Гадоев – сардори шӯъбаи кор бо марказҳои таълимӣ-методии вилоятҳои Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   

бо афсарон ҷиҳати омӯзиши «Дастурамали пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда», «Дастурамали методии тартиби ташкил ва тарзи гузаронидани машқҳои мудофиаи гражданӣ ва намунаи ҳуҷҷатгузории онҳо» ва дигар мавзӯъҳо машғулиятҳо мегузаронад.

Ш.Бутаева

Мо дар Telegram