Масъалаи сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон дар 3 моҳ ҳалл мешавад

Пинҳон нест, ки имрӯзҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон баҳсҳои сарҳадӣ бо шиддат идома доранд. Ва барои ҳалли ин масъала тӯли 2 соли охир комиссияи байниҳукуматии ду кишвар гуфтушунидҳои сатҳи гуногун гузаронид.

Ин дафъа раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев ва Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар шаҳри Хуҷанд, санаи 18 март вохӯрӣ анҷом доданд. 

Қамчибек Тошиев гуфтааст, ки баъд аз ҳалли масъалаи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон, ба онҳо се моҳ муҳлат дода шудааст. 

«Аз ин ҷо ман ба Ботканд меравам. Масъалаи марзҳо бо Ӯзбекистон ҳал шуд, аммо бо Тоҷикистон — не.  Ба мо се моҳ мӯҳлат доданд”, — изҳор дошт ӯ зимни нишасти хабарӣ.

Акнун тарафайнро мебояд дар ин муддат масъалаи делимитатсия ва демаркатсияро ба пуррагӣ ҳалл намоянд.
Миёни ду кишвар 375 км хати сарҳад муайян нокарда дар наздикии Ворӯх мавҷуд аст.

Масъалаи сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон дар 3 моҳ ҳалл мешавад

Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд

Мо дар Telegram