МАСЪАЛАИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМИ ИМСОЛА ВА СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

«Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст».

(аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», Душанбе, 26.01.2021)

Масъалаи эҳё, тавсеа ва рушди ҷашнҳои миллӣ яке рукнҳои худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт ва ба чорчӯбаи фаъолиятҳои мондагори Роҳбари давлат ворид гашт. Дубора зинда кардани ҷашнҳои Меҳргону Сада ва Тиргон ба мақсаду мароми халқи тоҷик мувофиқ буд. Аммо ба ҷуз аз Наврӯз ин се ҷашни дигар дар асрҳои миёна баҳукми фаромӯшӣ рафта, танҳо дар байни мардум нишонаву боқимондаҳои онҳо маъмул буданд. Дар бораи таъриху шеваи баргузорӣ ва суннатҳои Меҳргону Сада ва Тиргон ба ҷуз баъзе аз олимону фарҳангиён дигарон маълумоти кофӣ надоштанд.

Дар робита ба ҷашнҳо нахустин вазифае, ки Пешвои миллат ҳамчун фарзанди содиқи миллати тоҷик дар назди худ гузошта буданд, ин афзудани шаъну шукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз ва баҷашни ҷаҳонӣ табдил додани он буд. Бо саъю талошҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас ором шудани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ва аввалан таҷлили ҷашни Наврӯз дар қаламрави кишвар ба таври васеъ ва ҳамагонӣ ба роҳ монда шуд. Бисёр суннатҳои марбут ба Наврӯз барқарор шуда, бо тадбирҳои наву иловагӣ тобишу ороиши ин ҷашн дучанд гашт.

Пас аз Наврӯз навбат ба Меҳргон, сипас ба Сада ва ниҳоят ба Тиргон расид. Пешвои миллат дар паёмҳои ҳамасола ва суханрониҳои гуногуни худ аз ҷашнҳои миллӣ ва фарҳанги бостонии ниёгони мо ёдовар шуда, ба такрор таъкид мекарданд, ки олимони мо бояд ин ҷашнҳоро беҳтару амиқтар омӯзишу пажӯҳиш карда, натиҷаашонро ба мардум пешкаш намоянд. Чунончи, соли 2019 дар сухани табрикотии бахшида ба ҷашни Сада Роҳбари давлат омӯзишу таҳқиқи ин ҷашнро ба олимон супориш дода, аз он қумла қайд намуданд, ки « … ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳаммияти ин ҷашнро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд».

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» (22.10.2019) масъалаи арҷгузорӣ ба ҷашнҳо ва дигар арзишҳои фарҳанги миллӣ муфасалтар ва амиқтар матраҳ шуда, Президенти кишвар дар ҳузури намояндаҳои илму адаби кишварҳои форсизабон бори дигар таъкид карданд, ки «Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ баҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадиматардорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд.

Ин ойинҳои бостонии ориёитаборон, бидуни вобастагӣ аз ҳамагуна унсурҳои диниву мазҳабӣ, дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд.

Дар воқеъ, Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо моҳияти ҷомеасозӣ, ваҳдату созандагӣ, диду идеалҳои некбинӣ, садоқат ба инсон, замин ва заҳматро ба таври возеҳ инъикос ва ифода мекунанд. Ин ҷашнҳо рамзи сарҷамъии мардуми заҳматкаш ва ҳамдиливу инсондӯстӣ мебошанд».

Олимону муҳаққиқони ҷашнҳои мардумӣ собит кардаанд, ки функсия ё вазифаи ҷашнҳо пеш аз ҳама муттаҳид кардан ва гирди ҳам овардани мардум ба шумор меравад. Пешвои муаззами миллат низ ин эҳё ва бузургдошти ҷашнҳоро на барои дилхушӣ ва ё худнамоӣ анҷом медиҳанд, балки тавассути баргузорӣ ва рушди ҷашнҳо Ваҳдати миллиро тақвият мебахшанд.

Ҳамчунин ҷашнҳо ифодакунандаи қудумати тамаддуни миллати тоҷик дар таърих маҳсуб мешаванд. Ҷашнҳои миллӣ решаҳои таърихии фарҳанги тоҷикон мебошанд ва тақвияти онҳо идомаи бақои миллат аст. Имрӯзҳо баъзеи ду ҷашнҳои бегона вориди фарҳангҳо шуда, дар мағзи ҷавонони он халқҳо ҷойгир шуда истодаанд. Баназдикӣ, Рӯзи Валентини муқаддас дар кишварҳои Аврупову Амрико баргузор шуд. Валентин ном рӯҳоние хилофи амри шоҳ рафтор карда, ду ҷавонро ба ҳам пинҳонӣ никоҳ баста будааст. Шоҳ аз ин рафтори рӯҳонии мазкур ба хашм омада, ӯро ба қатл мерасонад. Акнун ин рӯзро дар фарҳангҳои ғарбӣ қайд мекунанд. Духтарону писарон, занону мардон ба якдигар туҳфа медиҳанд. Мутаассифона, ҷавонони тоҷик ҳам аз ин ин рӯзи Валентин пайравӣ карда, ин идро ба ҷузъе аз худшиносии худ табдил дода истодаанд.

Ҷавонони мо намедонанд, ки дар гузашта ниёгони мо дар нимаҳои моҳи Исфанд ҷашни Исфандормазгон доштаанд, ки дар ин рӯз мардон ба бонувон туҳфа медоданд. Ин ки рӯзи 8-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модарон эълон шудааст, давоми ҳамон ҷашни Исфандормазгон аст. Як моҳ пас ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз фаро мерасад, марҳамат, дар ин рӯз ба якдигар, ба кӯдакон, ба калонсолон, ба беморону бенавоён туҳфа диҳед. Яке аз фазилатҳои Наврӯз низ шодгардонидани табъи кӯдакону беморон ва барҷомондагон мебошад.

Мо бояд бикӯшем, то ҷашнҳо ва намунаҳои беҳтарини санъату фарҳанги мо ҷаҳонӣ шаванд, обрӯю нуфузи ҷумҳурии мо ва миллати тоҷик дар ҷаҳон ҳамчун миллати фарҳангофар ва кишвари фарҳангпарвар боло равад. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат иброз кардаанд: «Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад».

Дилшод Раҳимӣ
Номзади илмҳои филологӣ,
Директори Пажӯҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

МАСЪАЛАИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМИ ИМСОЛА ВА СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

«Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст».

 (аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,Душанбе, 26.01.2021)

 

Масъалаи эҳё, тавсеа ва рушди ҷашнҳои миллӣ яке рукнҳои худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт ва ба чорчӯбаи фаъолиятҳои мондагори Роҳбари давлат ворид гашт. Дубора зинда кардани ҷашнҳои Меҳргону Сада ва Тиргон ба мақсаду мароми халқи тоҷик мувофиқ буд. Аммо ба ҷуз аз Наврӯз ин се ҷашни дигар дар асрҳои миёна баҳукми фаромӯшӣ рафта, танҳо дар байни мардум нишонаву боқимондаҳои онҳо маъмул буданд.  Дар бораи таъриху шеваи баргузорӣ ва суннатҳои Меҳргону Сада ва Тиргон ба ҷуз баъзе аз олимону фарҳангиён дигарон маълумоти кофӣ надоштанд.

Дар робита ба ҷашнҳо нахустин вазифае, ки Пешвои миллат ҳамчун фарзанди содиқи миллати тоҷик дар назди худ гузошта буданд, ин афзудани шаъну шукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз ва баҷашни ҷаҳонӣ табдил додани он буд. Бо саъю талошҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас ором шудани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ва аввалан таҷлили ҷашни Наврӯз дар қаламрави кишвар ба таври васеъ ва ҳамагонӣ ба роҳ монда шуд. Бисёр суннатҳои марбут ба Наврӯз барқарор шуда, бо тадбирҳои наву иловагӣ тобишу ороиши ин ҷашн дучанд гашт.

Пас аз Наврӯз навбат ба Меҳргон, сипас ба Сада ва ниҳоят ба Тиргон расид. Пешвои миллат дар паёмҳои ҳамасола ва суханрониҳои гуногуни худ аз ҷашнҳои миллӣ ва фарҳанги бостонии ниёгони мо ёдовар шуда, ба такрор таъкид  мекарданд, ки олимони мо бояд ин ҷашнҳоро беҳтару амиқтар омӯзишу пажӯҳиш карда, натиҷаашонро ба мардум пешкаш намоянд. Чунончи, соли 2019 дар сухани табрикотии бахшида ба ҷашни Сада Роҳбари давлат омӯзишу таҳқиқи  ин ҷашнро ба олимон супориш дода, аз он қумла қайд намуданд, ки « … ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳаммияти ин ҷашнро  омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд».

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»  (22.10.2019) масъалаи арҷгузорӣ ба ҷашнҳо ва дигар арзишҳои фарҳанги миллӣ муфасалтар ва амиқтар матраҳ шуда, Президенти кишвар дар ҳузури намояндаҳои илму адаби кишварҳои форсизабон бори дигар таъкид карданд, ки  «Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ баҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадиматардорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд.

Ин ойинҳои бостонии ориёитаборон, бидуни вобастагӣ аз ҳамагуна унсурҳои диниву мазҳабӣ, дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд.

Дар воқеъ, Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо моҳияти ҷомеасозӣ, ваҳдату созандагӣ, диду идеалҳои некбинӣ, садоқат ба инсон, замин ва заҳматро ба таври возеҳ инъикос ва ифода мекунанд. Ин ҷашнҳо рамзи сарҷамъии мардуми заҳматкаш ва ҳамдиливу инсондӯстӣ мебошанд».

Олимону  муҳаққиқони ҷашнҳои мардумӣ собит кардаанд, ки функсия ё вазифаи ҷашнҳо пеш аз ҳама муттаҳид кардан ва гирди ҳам овардани мардум ба шумор меравад. Пешвои муаззами миллат низ ин эҳё ва бузургдошти ҷашнҳоро на барои дилхушӣ ва ё худнамоӣ анҷом медиҳанд, балки тавассути баргузорӣ ва рушди ҷашнҳо Ваҳдати миллиро тақвият мебахшанд.

Ҳамчунин ҷашнҳо ифодакунандаи қудумати тамаддуни миллати тоҷик дар таърих маҳсуб мешаванд. Ҷашнҳои миллӣ решаҳои таърихии фарҳанги тоҷикон мебошанд ва тақвияти онҳо идомаи бақои миллат аст. Имрӯзҳо баъзеи ду ҷашнҳои бегона вориди фарҳангҳо шуда, дар мағзи ҷавонони он халқҳо ҷойгир шуда истодаанд. Баназдикӣ, Рӯзи Валентини муқаддас дар кишварҳои Аврупову Амрико баргузор шуд. Валентин ном рӯҳоние хилофи амри шоҳ рафтор карда, ду ҷавонро ба ҳам пинҳонӣ никоҳ баста будааст. Шоҳ аз ин рафтори рӯҳонии мазкур ба хашм омада, ӯро ба қатл мерасонад.  Акнун ин рӯзро дар фарҳангҳои ғарбӣ қайд мекунанд. Духтарону писарон, занону мардон ба якдигар туҳфа медиҳанд. Мутаассифона, ҷавонони тоҷик ҳам аз ин ин рӯзи Валентин пайравӣ карда, ин идро ба ҷузъе аз худшиносии худ табдил дода истодаанд.

Ҷавонони мо намедонанд, ки дар гузашта ниёгони мо дар нимаҳои моҳи Исфанд ҷашни Исфандормазгон доштаанд, ки дар ин рӯз мардон ба бонувон туҳфа медоданд. Ин ки рӯзи 8-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модарон эълон шудааст, давоми ҳамон ҷашни Исфандормазгон аст. Як моҳ пас ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз фаро мерасад,  марҳамат,  дар ин рӯз ба якдигар, ба кӯдакон, ба калонсолон, ба беморону бенавоён туҳфа диҳед. Яке аз фазилатҳои Наврӯз низ шодгардонидани табъи кӯдакону беморон ва барҷомондагон мебошад.

Мо бояд бикӯшем, то ҷашнҳо ва намунаҳои беҳтарини санъату фарҳанги мо ҷаҳонӣ шаванд, обрӯю нуфузи ҷумҳурии мо ва миллати тоҷик дар ҷаҳон ҳамчун миллати фарҳангофар ва кишвари фарҳангпарвар боло равад. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат иброз кардаанд: «Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад».

 

Дилшод Раҳимӣ

 

Номзади илмҳои филологӣ,

Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии

фарҳанг ва иттилоот

Мо дар Telegram