Маросими хатми курси такмили ихтисос

1694

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз шароити муассисаҳои таълимии мақомот ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида шудааст ва дар ин раванд барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мунтазам тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Дар Академия бо дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақшаи таълимӣ-мавзӯӣ тасдиқ гардида, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш дар факултети №3 Академия курси такмили ихтисос ташкил карда шудааст.

16951696

Бо дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, дарсҳои таълимии курси такмили ихтисос барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда, онро бомуваффақият хатм намуданд.

Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш., Сафарзода С.

Мо дар Telegram